Натиҷаи баррасиҳо дар Олмон нишон медиҳад, ки бо афзоиши камбуди нерӯи кор дар ин кишвар теъдоди ҷойҳои кории холимонда ба ду миллион расидааст.
Таҳқиқ дар бораи камбуди нерӯи кор дар Олмонро утоқи бозаргонӣ ва санъатии ин кишвар анҷом додааст. Натиҷаи баррасиҳои ин ниҳод вобаста ба корфармоёни олмонӣ нишон медиҳад, ки холӣ мондани ду миллион ҷои корӣ мунҷар шудааст то ин кишвар аз 100 миллиард евро даромад маҳрум шавад.
Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Олмон дар баррасиҳои худ бо соҳибону масъулони 22 ҳазор ширкат гуфтугӯ кардааст. Бино ба эъломи ин ниҳод ниме аз ин ниҳодҳо дар ҷустуҷӯи нерӯи кор барои ҷойҳои корӣ бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин рақам аз сӯи утоқи бозаргонӣ ва санъат Олмон бесобиқа тавсиф шудааст.
Олмон тайи солҳои ахир ба далели пир шудани ҷамъияти ин кишвар бо буҳрони камбуди нерӯи кор рӯ ба рӯ будааст. Бахшҳои муҳимме аз иқтисоди Олмон аз ҷумла саноеъ, беҳдошт ва дармон, ҳотелдорӣ, ресторонҳо ва сохтусоз аз ҷумлаи бахшҳое ҳастанд, ки бо камбуди нерӯи кор мувоҷиҳ шудаанд.
Буҳрони ношӣ аз ҳамагирии вируси коруно ба камбуди нерӯи кор ва афзоиши ҷойҳои кории холимонда дар Олмон доман задааст.
Омори утоқи бозаргонӣ ва санъатии Олмон нишон медиҳад, ки наздик ба 58 дарсад аз ширкатҳои санъатии ин кишвар бо камбуди нерӯ рӯбарӯ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки камбуди нерӯи кории моҳир ба таври хосс барои ширкатҳои олмонӣ мушкилофарин шудааст.
Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Олмон аз “дастёбӣ ба тавозуни беҳтар байни зиндагии ҳирфаӣ ва зиндагии шахсӣ”, “мушорикати бештари солмандон дар бозори кор” ва “коҳиши бюрократия” ба унвони роҳи ҳалҳои мавҷуд барои муқобила бо камбуди нерӯи кор ёд кардааст. Ин ниҳод ҳамчунин хостори “осонсозии муҳоҷирати нерӯи корӣ” ва омӯзиши онҳо шудааст. Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Олмон дар ҳамин замина ба паноҳҷуёни укроинӣ ишора кардааст.
Давлати эътилофии Олмон моҳи ноябри соли гузашта эълом кард, ки барномае монанди барномаи муҳоҷиратии Канада бар асоси имтиёздиҳиро барои ҷазби атбоъи хориҷии ғайриаврупоӣ ба иҷро хоҳад гузошт. Берлин ҳамчунин дар назар дорад раванди дарёфти тобеияти Олмонро осонтар кунад.