Парвиз Шарифзода, писари 30-солаи Асрор Шарифзода, додраси додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон шаби 22-уми апрел дар садамае дар Душанбе ба ҳалокат расидааст. Ин садама боз як кушта ва 4 захмӣ ба ҷой гузоштааст.
Тибқи иттилоъи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодиса соати 21:10-и шаби 22-уми апрел дар маркази Душанбе рух додааст.
Вазорат хабар дода, ки садама бо айби Абубакр Тураеви 20-сола, ронандаи “Тайота Кемрӣ” ба вуқӯъ пайвастааст ва Шарифзода Асрор, ки савори мошини “Опел- Вектра” буд, “бо роҳи худ ҳаракат дошт.”
Ба гуфтаи ВКД, дар ин садама як нафари дигар ҷон бохта, чор нафар маҷрӯҳ шудааст.
Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъаш дар Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ менависад, ки нафари дуюми фавтида низ аз пайвандони Асрор Шарифзода будааст.
Асрор Шарифзода, додраси собиқадор, аз соли 2019 ба ин сӯ, додраси додгоҳи конститутсионӣ мебошад.
Гуфта мешавад, Парвиз Шарифзодаи 30-сола устоди Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон буд.