Дар Душанбе 27 апрел ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории низомию иқтисодии давлатҳои узви СААД баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дода, гуфтааст тибқи барномаи ин нишаст, масоили марбут ба ҷараёни иҷрои протокол ва қарорҳои қаблӣ баргузор хоҳад шуд.
Аз мавзуъҳои меҳварии ҳамоиши намояндагони кишварҳои узви созмон дар Душанбе рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии бахши низомию саноатии кишварҳои узви СААД аз гуфта мешавад. Баррасии ҳамкории кишварҳо бо Русия дар бахши низомӣ дар ҳолест, ки Ғарб масъалаи таҳрими комили Русия ва қатъи ҳамагуна содирот ба ин кишвар, ба истиснои бархе маҳсуолти барои зиндагӣ муҳим, ба миён гузоштааст. Ҳамчунин кишварҳои шарики Русия борҳо ҳушдор дода шудаанд аз бозсидорти молу маҳсулоте, ки метавонанд аз ҷониби Русия дар бахши низомӣ истифода шаванд, ҳушдор дода шудаанд.
6 кишвар Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорус узви СААД — инсозмони низомӣ ҳастанд. Кишварҳои узв муваззафанд дар таъмини амнияти ҳамдигар кумак кунанд. Аммо коршиносон мегӯянд ин созмон ба нафъи Русия кор мекунад ва амният ҳамон ҷо ва замоне таъмин мешавад, ки ба нафъи Русия бошад. Барои мисол дар ниҳоъи байниҳамдигарии ду узви ин созмон — Тоҷикистон ва Қирғизистон на Русия ва на ҳеҷ кишвари дигари узви ин созмон коре анҷом надоданд.
Ҳамчунин ба таҳти контроли худ баргардонидани Озарбойҷон бахши бузурге аз Қарабоғи Кӯҳиро, ки Арманистон онро қаламрави худ медонад, вокунише аз ҷониби 5 узви ин созмон — шарикони низомии Арманистон дар пай надошт.