Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад. Дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 16-уми январ дар эъломияе гуфт, пул барои дастгирии фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” истифода хоҳад шуд.
“Ин дастгирии техникӣ барои ба кор ҷалб кардани коршиносон дар соҳаи бехатарии сарбанд ва чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоӣ аст,” — омадааст дар эъломияи Бонки Ҷаҳонӣ.
Ҳукумат нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меномад, ки дар сурати анҷоми сохтмонаш метавонад, кишварро ба истиқлоли энержӣ бирасонад.
Нерӯгоҳи «Роғун» бо иқтидори 3600 мегават дар сурати такмил бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Садди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.
Сохтмони нерӯгоҳ дар аҳди Шӯравӣ оғоз ёфт, вале ба сабаби ҷанги дохилӣ қатъ шуд. Соли 2010 саҳмияҳои нерӯгоҳро фурӯхтанд ва соли 2016 ба сохтмони асосии он сар карданд. Онро ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo SpA) месозад. Айни замон ду турбинаи он кор мекунад, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо мардум нерӯи барқи кофӣ намегиранд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, муассисаҳои байнулмилалии молӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ, ки миллиардҳо доллари дигар зарур аст, қарз медиҳанд ва ё кумак мекунанд. Дар гузашта дар бораи суистифодаи маблағҳо ва ғайриҳадафмандона харҷ кардани онҳо гузориш шудааст.