Рубрики Хабарҳо

Ширин Амонзода курсии вазири меҳнатро холӣ кард

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ягона вазире, ки каме байни мардум маҳбубият дошт аз вазифааш барканор шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хабар медиҳад.

Сабаби барканории Ширин Амонзода ва ба вазифаи дигар таъйин шудан ё нашуданаш маълум нест. Ҳамчунин дар бораи ҷойнишини ӯ дар курсии вазири меҳнат иттилоъе нарасидааст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабарҳо дар бораи тағйироти кадриро тасдиқ карда, вале гуфтааст, “ҳоло расман фармонҳоро ба даст нагирифтем ва аз ин рӯ, мушаххасан чизе гуфта наметавонем”.

Ӯ иброз дошта, ки баъди зуҳри имрӯз фармонҳо дар хусуси тағйироти кадриро дастрас ва дар сомонаи расмии раисҷумҳур нашр хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки дар баробари Ширин Амонзода, ҳамчунин чанд мансабдори дигар низ аз вазифа озод ва ба вазифаҳои нав таъйин шаванд. 

Ёдовар мешавем, ки Ширин Амонзода соли 2020 ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон нишаст ва яке аз кадрҳои ҷавон ва ояндадори ҳукумат гуфта мешуд.

Ӯ қаблан дар вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, дар курсии вазирӣ Гулрӯ Ҷабборзодаро иваз намуд.

Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *