Урдуғон имрӯз бо Путину Зеленский гуфтугӯ мекунад
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дидору гуфтугӯ карданист. Гуфта мешавад, ки ин ҳафта мулоқотҳои сатҳи олӣ сурат хоҳанд гирифт.
Иброҳим Калин, сухангӯи раисиҷумҳури Туркия, дар шарҳи рӯзномаи Hurriyet гуфтааст, ки музокирот бояд рӯзи чаҳоршанбеи 4 январ баргузор шавад. Тафсилот дар бораи мавзӯъҳои гуфтугӯ расонаӣ нашудааст.
Қобили зикр аст, ки музокироти Путин бо Эрдуғонро котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков низ тасдиқ кардааст.
Гуфтанист, рӯзи 22 июл Украина ва Русия созишнома дар бораи содироти ғаллаи Украинаро аз баҳри Сиёҳ имзо карданд, дар ҳоле ки Туркия миёнарав шуд. 14 ноябр президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи тавсеаи созишномаи ғалла сухан гуфт.
Раисиҷумҳури Туркия, Эрдуғон аксар вақт бо Зеленский ва Путин музокира мекунад, то роҳи хотима додан ба ҷангро пайдо кунад.