Categories Хабарҳо

Ислом ва демократия аз нигоҳи дигар

Ҷон Спозито

Барои посух ба ин пурсиш, ки оё Ислом бо демократия созгор аст бояд баҳсро бо як мушоҳидаи умумӣ оғоз кунем. Суннатҳои динӣ таркибе ҳастанд аз матн ва замина ё ба иборати дигар таркибе ҳастанд аз ваҳй ва тафсири башарӣ аз матни муқаддас дар дохили як фазои хосси иҷтимоӣ ва таърихӣ. Дар ҳама суннатҳои динӣ ин пӯёӣ ва касрат қобили мушоҳида аст ва ҳамин пӯёӣ ва касрат нишон медиҳад, ки чаро дар тамоми адён ба ҳамон мизоне, ки муҳофизакорон вуҷуд доранд аносири модерн ва тараққихоҳ ё ислоҳталаб ҳам ба чашм мехӯранд.
Дар гузашта дар яҳудият ва масеҳият аз аҳди атиқ ва аҳди ҷадид барои машрӯъият бахшидан ба салтанат ва феодализм истифода шудааст ва дар ҳоли ҳозир барои машрӯъият бахшидан ба демократия, сармоядорӣ ва ба ҳамин тартиб сотсиализм. Инҷил ва масеҳият ҳамон тавре, ки барои машрӯъият бахшидан ба анбоштани сарват ва бозори капиталистӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд дар наҳзатҳои динӣ – иҷтимоӣ ҳамчун “наҳзати Франсис Асизӣ (Francis of Assisi)”, “ҷараёни рӯзи коргари католик Дӯретӣ” дар қарни бистум ва “илоҳиёти озодибахш” дар Амрикои лотинӣ ва Амрикои марказӣ низ ба кор омадаанд. Илова бар ин, худи демократия низ дар замонҳои мутафовит ва нисбат ба мардуми мухталиф, умури гуногунеро дар пай доштааст. Аз Юнони бостон то Аврупои модерн, аз демократияи мустақим то демократияи ғайримустақим ва аз ҳокимияти аксарият то раъйи аксарият.
Оё ин воқеият дар мавриди ислом низ содиқ аст? Ба наҳви куллӣ ба назар мерасад посух мусбат бошад. Ислом дар саросари таърих, пӯёӣ ва такассури худро ба исбот расондааст. Ислом бо ҷонибдорӣ аз ҷунбиши “шаҳр – давлат” дар Мадина ( асри набии мукаррами ислом (с)) то императориҳо ва салтанатҳо бо ин теория созгорӣ дошта ва ин омодагиро доро буда, то макотиби гуногуни каломӣ, фиқҳӣ ва фалсафиро дар миёни аҳли суннат ва шиъаён таҳти пӯшиши худ қарор диҳад. Дини мусалмонон ҳамчун дигар адён аз манобеъи фикрӣ ва идеологӣ баҳраманд аст ва ин манобеъ метавонанд маҷмӯъаи васеъе аз моделҳои сиёсиро тавҷеҳ созанд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳони Ислом, ба вижа дар мавриди демократия, дар бораи мавзӯъи баҳсбарангези “мушорикати сиёсӣ” орои гуногуне ба чашм мехӯрад. Секулорҳо барои ҷудоии дин аз сиёсат иқомаи далел мекунанд. Мухолифон новобаста  аз мусулмонони мӯътадил ва ифротӣ, бар шаклҳои ҳукуматварзии исломӣ пофишорӣ мекунанд ва исроре бар демократия надоранд. (Албатта дар ин замина бо муаллиф ҳамфикр буда наметавонем…) Малик Фаҳд, подшоҳи Арабистон мӯътақид аст: «системаи демократике, ки дар ҷаҳон шоеъ шудааст муносиби Арабистон нест ва низоми интихоботӣ ҷойгоҳе дар эътиқодоти исломӣ надорад. Чаро, ки демократия як ҳукумати мубтанӣ бар машварат ва назархоҳиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва иқтизо мекунад, ки чӯпон (ё ҳоким сиёсӣ) нисбат ба галлааш (ё мардум) садоқат дошта бошад ва ҳоким бояд пеш аз мардумаш масъул ва посухгӯ бошад.»
Ислоҳталабони модерн дар қарни бистум барои тавсеаи ашколи исломии ҳукумати парлумонӣ, интихоботи намояндагон ва ислоҳи динӣ, даст ба бозтафсири мафоҳим ва ниҳодҳои калидӣ ва суннатии исломӣ заданд. Ниҳодҳо ва мафоҳиме ҳамчун: шӯро (машварати ҳокимон бо мардум), иҷмоъи уммат, иҷтиҳод ва бархе мабонии машрӯъ, мисли маслиҳати умуми ҷомеа. Ислоҳталбоне чун Холид Абулфазл ин равандро ба шеваҳои гуногун дар қарни бисту якум идома доданд. Бархе мудофеъони демократияи исломь мӯътақиданд, ки омӯзаи тавҳид ва ягонапарасти (бар хилофи иддаои муҳофизакорон ва ифротиҳо) мусталзими бархе ашколи низоми демократик аст. Онон мегӯяанд: «ҳеҷ мусалмоне ҳокимияти илоҳӣ ва ҳукми фиқҳ ва шариати исломиро мавриди тардид ва пурсиш қарор намедиҳад.»
Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, талош барои озодии сиёсӣ, сиёсати интихоботӣ ва эҷоди демократия дар ҷаҳони ислом ҳокӣ аз пазириши ғайри интиқодии ишколи демократияи ғарбӣ аз сӯи ислоҳталбони мусалмон нест. Хеле аз мусулмонон медонанд, ки демократияи машрӯъ метавонад ишколи зиёде дошта бошад. Раисҷумҳури собиқи Эрон, дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар июни 2001 ва пеш аз интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар гуфта буд: «демокросиҳои мавҷуд лузуман аз як формула ё ҷанба пайравӣ намекунанд. Мумкин аст як навъе аз демократия ба як системи либерал ё ба як системи сотсиалистӣ мунтаҳӣ шавад. Аммо мумкин аст навъи дигаре аз демократия низ таҳаққуқ пайдо кунад, ки дар он битавон қавоъиди мазҳабиро дар қолаби як ҳукумат гунҷонд. Мо роҳи севумро баргузидаем.»
Бино ба ақидаи вай «демокросиҳои ҷаҳонӣ аз халаи маънавӣ ранҷ мебаранд» ва Ислом метавонад мабное бошад барои даромехтани демократия бо маънавият ва ҳукумати динӣ. Тағйирот дар фикри мазҳабии исломӣ низ монанди тағйирот дар дигар адён, аз онҷо, ки маънои мутуни муқаддас, омӯзаҳо ва суннатҳо мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор мегиранд, як фроянди оҳиста хоҳад буд. Бозигарони ин арса ба ихтилофи назари худ дар мавриди саволҳо ва мавзӯъоти интиқодӣ идома медиҳанд. Робита миёни ҳокимияти илоҳӣ ва ҳукумати инсон, моҳияти ҳукумати исломӣ, робита миёни ҳоким ва мардум, нақши қонун, ҳуқуқи фардӣ ва плюрализм, шояд бӯҳронитарин ва интиқодитарин мавзӯъи шариат ва масоили марбут ба он бошад мисли ҷидол миёни ҳокимияти илоҳӣ ва инсонӣ, ҷидол миёни қонунгузории илоҳӣ ва башарӣ. Баданаи қавонини исломӣ дар гузашта тавассути фуқаҳо баст пайдо карда ва тавассути бархе ҳукуматҳо ба иҷро даромадааст.

Холид Абулфазл дар «ислом ва чолиши демократия» ба меҳвари аслии ин баҳс мепардозад. Ӯ дар ин китоб қоил аст, ки шариат умдатан тавассути Худованд дикта намешавад. Балки шариат бар рафтори тафсири одамӣ барои истихроҷ ва ба коргирии он такя дорад. Ӯ ҳамчунин менависад, ки як тамоюз ва тафовути интиқодӣ миёни шариат бо мабонии ҳинҷории он, ки тавассути ваҳйи нозил шуда, арзишҳо, қавоъиди шаръӣ, фиқҳ, тафсири инсонӣ, истихроҷ ва пиёдасозии он ки ба сурати таърихӣ ва иҷтимоӣ сару сомон гирифтаанд, вуҷуд дорад. Ин тамоюз бар хатопазирӣ ва нисбияти буъди инсонии фиқҳи исломӣ ва моҳияти пӯёии он таъкид меварзад.

Холид Абулфзл қоил аст ин воқеият метавонад фиқҳи исломиро тавоно созад то ба мавқеиятҳои гуногун ва мутакассир посух диҳад. Хеле аз ислоҳталбони динӣ аз авохири қарни нуздаҳум фиқҳи исломиро дорои ду буъд баршумурдаанд. Онҳо қоил буданд фиқҳи исломӣ дорои буъди илоҳӣ ва тағйирнопазир ва буъди башарӣ ва тағйирпазир аст. Онҳо мӯътақид буданд инсон ду навъ таклиф дорад:
1) Таколифи инсон дар муқобили Худованд, ки иборат аст аз «ибодат ва ба ҷо овардани аҳкоми лоятағайири динӣ мисли намозҳои явмия, рӯзаи моҳи мубораки рамазон ва сафари ҳаҷ» ва ғ..
2) Таколифи инсон дар баробари дигарон ё ҳамон «муомилот ва равобити иҷтимоӣ».

Аммо тафовут миёни шариат (қонуни илоҳӣ) бо фиқҳ (тафсир ва иҷрои инсонӣ) бунёдитар аст. Ин тафовутгузорӣ бар миқёс ва андозаи бахши зиёде аз фиқҳи исломӣ аз ашколи ҳукумат ва мафоҳими ҳукуматварзӣ гирифта, то ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоӣ ва равобити ҷинсӣ, таъкид меварзад. Ин тафовут мумкин аст ба унвони бозтобдиҳандаи маҳдудиятҳои замонӣ ва тафосири башарие, ки омодагии интибоқ ва тағйирро доранд дар назар гирифта шаванд.
Як тасвири умумӣ аз мутафаккирони мусалмон, раҳбарони динӣ ва ҷараёни аслии наҳзатҳои исломӣ дар саросари ҷаҳон аз Миср то Индонезия ва аз Аврупо то Амрико, нишон медиҳад, ки тафсири ин гурӯҳ аз андешамандон нисбат ба Ислом бо демократия, плюрализм ва ҳуқуқи башар даргир шудааст.
Барои мисол  метавон Абдурраҳмон Ваҳид, раҳбари собиқи «наҳзати Ал-уламо»-ро дар ҳамин замина мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Ӯ аввалин раисҷумҳури мунтахаби Индонезия буд, ки ба сурати демократик баргузида шуд. Абдурраҳмон Ваҳид мӯътақид аст, ки ду интихоб ва ду роҳ пеши рӯи мусулмонон вуҷуд дорад:
1) Думбол кардани як исломи суннатӣ, исто ва зоҳиргарои шаръӣ
2) Тарроҳӣ кардани як ҷаҳонбинии пӯётар, ҷаҳонӣ, умумӣ ва такассургаро.
Бино ба нигоҳи ӯ мусалмонони Индонезия бояд дар ҷомеае, ки дар он мусалмон бо ғайримусалмон яксон аст ва дин ва сиёсат аз ҳам ҷудо ҳастанд, исломи мӯътадил ва бо тасоҳулро дар зиндагии рӯзонаи худ ба кор баранд.

Абдурраҳмон Ваҳид, умри хешро сарфи рад кардани зоҳиргароӣ ё бунёдгароӣ ба унвони як масири инҳирофӣ ва як монеъи умда дар муқобили ислоҳоти исломӣ дар даврони муосир кард. Ӯ дар тӯли ҳаёташ ҳомии шаклгирии як ҳувияти чандҷонибаи исломӣ ва як суннати исломии пӯё ва посухгӯ ба воқеиятҳои зиндагии модерн буд.

Мабонии аслии ташкилдиҳандаи ин нигоҳ иборат буданд аз, иродаи озод, эҳтиром ба ҳуқуқи тамоми мусулмонон новобаста аз авом ва уламо, иҷтиҳод ва бозтафсири Қуръон ва суннати Паёмбари акрам (с) дар партави тағйири доимии мавқеияти инсон.

Муслиҳони динӣ дар дигар суннатҳои динӣ низ ҳамин вазъиятро таҷриба кардаанд. Ба таври мушаххас дар таърихи ҷадиди калисои католики Рим ислоҳталбон аз ибтидо тавассути ниҳодҳои динӣ, муҳофизакорон, раҳбарони динӣ ва муъминон ба унвони як таҳдид баршумурда шуданд. Мутакаллимон ва илоҳиётдонон дар калисои католикии Рим дар қарни бистум ё хомӯш шуданд ё мавқеияти тадрисашонро аз даст доданд ё ҳирфа ва василаи имрори маошашон мавриди таҳдид қарор гирифт.

Ба ҳар тартиб муҳимтарин чолиши ислоҳталабони мусалмон интиқоли раванди ислоҳот аз ақаллияти нухбагон ба ниҳодҳо ва мусалмонон хоҳад буд ва инки чигуна насли баъдии донишмандони исломӣ, раҳбарони динӣ ва мардуми оддӣ тарбият хоҳанд шуд.

Таҳияи Бобоҷон Қаюмзод

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *