Рубрики Хабарҳо

УБАЙДУЛЛОЕВИ «ГАНДА»ВА РУСТАМИ «ХУБ»

Дар ибтидои соли ҷадид пиярсозиҳо аз Рустами Эмомалӣ авҷ гирифтааст. Бархе сомонаҳову муассисаҳо дар ин кор байни ҳам мусобиқаро оғоз кардаанд. Аммо инҷо ман танҳо як савол дорам. Рустам федератсияи футболи тоҷикро дар муддати роҳбариаш ба куҷо расонд? Ин муассиса дар даврони роҳбарии ӯ чӣ дастоварде доштааст?

Пештар ҳам коршиносон ҳадс мезаданд, ки дар соли 2018 эҳтимол дорад Рустам дар як интихоботи зудҳангом ба курсии Президентӣ такя занад, вале бо пиярсозиҳои ахир ин гумон тақвият меёбад.

Аммо дар бораи Рустам ва шаҳрдори пешин Муҳамадсаид Убайдуллоев  журналисти забардасти кишварамон Раҷаби Мирзо матлабе дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки онро пешкаши хонандагони «паём.нет» мекунем.

Як соли фаьолияти шаҳрдори нав дар муҳити сиёсиии Тоҷикистон чиро ошкор намуд?

Ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали пахш шудани хабарҳо дар бораи барканор шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ба ҷои ӯ таьин намудани Рустами Эмомалӣ маьлум буд, ки сухан танҳо аз пойтахт намеравад. Масьала фаротар аст ва барои ин тасмим аз қабл омодагӣ гирифтаанд. «Соли ҷавонон» эьлон кардани 2017 дар доираи ин стратегия бисер коромад мешуд ва барҳам задани лимити барқ мардумро «аз мавзӯи асосӣ» канор мебурд. Шароити созгор…

Аммо ин хулоса дар Душанбеи расмӣ пас аз марги Ислом Каримов ҳосил шуд, ё хеле барвақттар, саволест, ки посухаш тафсилоти ҷиддитарро мехоҳад. Онро шояд ба вақти дигар вогузор кардан мантиқитар бошад. Ба ҳар сурат, фикр мекунам, чунин тасмимгириҳо осон нест ва ҳатман «варианти Б» ҳам доранд. Агар не, чаро соли 2010 вақте Убайдуллоев Махмадсаид аризаи аз мақом рафтан навишт, посухи рад гирифт? Ҳоло «ин зарурат» пайдо нашуда буд? Ё чӣ?

Ҳолати дуввум. Шаҳрдори собиқ, ки қаблан аризаи аз мақом рафтанро навишта буд, оё аз ин тасмим огоҳӣ дошт, онро пай мебурд ва вокунишаш чӣ гуна буд?

Фикр намекунам, ки ҳолатро пай намебурд. Ин ҳоло аст, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пас аз «ахбори якум», ҳатто пас аз паёми президент «ахбори гулгуншукуфоии» Душанберо пахш мекунанд. Он замон маҳз ҳамин шабакаҳо анқариб ҳамарӯза ягон «гузориши хос аз мушкилиҳои Душанбе» пахш мекарданд, ҳатто аз бинои шаҳрдорӣ, ба фикрам танҳо утоқи кории Убайдуллоев монда буд, ки «хабарнигорони ҷасур» «зада надароянд» ва «айбҳоро нишон надиҳанд». Телевизион дар муҳити сиёсии Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба як муҳраи муҳими қабули қарор табдил ёфтааст ва то ҷое он вазифаи «сухангӯи ғайрирасмии» Душанбеи расмиро иҷро мекунад.

Пас яқинан Убайдуллоев инро эҳсос менамуд. Аммо шояд намедонист, ки ин иттифоқ маҳз рӯзи 12 январи соли 2017 пеш меояд. Албатта, аз шинохте, ки дорам, медонам, ки шаҳрдори собиқ шахспарастиро намепазирад, вале, агар ӯ медонист, ки кадом корманди шояд ҳоло собиқаш дар утоқи худ баробари портрети калони президент, акси хурди Убайдуллоевро болои мизаш гузоштааст, аз ин кор ҷилав мегирифт. Шоҳидон нақл мекунанд, ки зимни супурдани асноди шаҳрдорӣ вақти омадани шаҳрдории нав, як узви бисёр муҳими комиссияи қабул ба касе занг задаву мегуфт: «Муаллима, инҳо дар ин ҷо ҳукумати худро ташкил кардаанд!»…

Ҳолати саввум, ки аз баррасиҳо канор монд. Оё боре дида будед, ки ягон ҷоизаи баландмақом на аз ҷониби президент Раҳмон дода шавад? Қонун ҳам дар ин ҳолат тартиби аз ҷониби президент супурдани ҷоизаҳоро муқаррар мекунад. Пас чаро «Зарринтоҷ»- ро ба Убайдуллоев дар ҷаласаи махсуси шаҳрдорӣ на президент, балки сарвазир супурд? Агар президент меомаду аз хизматҳои Убайдуллоев барои ин ҳукумат ва дигаргунсозиҳош дар Душанбе мегуфт, қадри кӣ баландтар мешуд? Наомад. Оё ин маьное дошт, ки «дар байни онҳо пишаки сиёҳ гузаштааст»? Ё шояд кадом гуруҳе сахт моил буд, ки Убайдуллоев асабӣ бишаваду вокуниши манфӣ бадар кунад?

Аммо ӯ бо фаросати хосе, ки дорад, ин ҳамаро ором таҳаммул намуд. Ҳатто пас аз дархости раиси нав, ки фаьолиятҳои шаҳрдориро таҳқиқ кардан хост ва президент Раҳмон ҳам дар мулоқоти ба истиллоҳ бо фаьолони пойтахт доирнамудааш пас аз як моҳи тағйироти кадрӣ, ба мақомот муҳлати муайян дод, Убайдуллоев инро ҳамчун як меьёри корӣ пазируфт, на беш. Воқеан, эьлон нашудани натиҷаҳои ин таҳқиқ, ки бояд июли соли гузашта анҷом мегирифт, маьнии дигареро дошта метавонад. «Варианти В»…

Ин ҳама гузашт. Дар ин миён фаьолияти шаҳрдори нав идома дошт. Бо таьрифҳои болохонадор, ҳатто аз ҷониби онҳое, ки замоне ин хушсуханиҳоро ба Убайдуллоев ҳам мекарданд. Ин табиати ин гунаҳост, аммо, агар ингунаҳо дар матолиби худ ишораҳое ба «гандагӣ»- ҳои замони Убайдуллоев намекарданд, мегуфтем дар навишторашон ғараз надоранд. Бе ин ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо фейкҳои бофта пайдо шудаанд, ки ба «урра»- гӯиҳои Рустами Эмомалӣ машғуланд. Аҷиб чизи дигарест, ки аксари ин фейкҳо исму сурати духтарони зеборо доранд. Инҷониб чанде аз онҳоро ошкор ҳам кардам. Инро ба чӣ хотир мегӯям? Зеро, агар ин фейкҳо бо нияте сохта шуда бошанд, ки ба шаҳрдори нав дурустии ҳамаи иқдомоташро нишон доданӣ бошанд, ӯро ба иштибоҳ мебаранд. Агар ӯ аз ин ҳама огоҳ бошаду инро дуруст мешморад, боз ҳам дар мисоли ҳамон қаламбадастон, ки ҳади ақалл дутоашро ҳоло шинохтем, бояд хулоса намояд, ки барои ингунаҳо принсип дигар аст: «хари ҷӯгиро об деҳу…»

Дар асл, дар ин як сол дар Душанбе, агар ҳамон ҳодисаи худкушии як таксисти ба истилоҳ «сесомона»-ро дар назди шаҳрдорӣ, ки паҳлӯҳои норӯшани зиёд дорад, фаромӯш намоем, иттифоқи муҳиме пеш наомад. Албатта таьмири косметикӣ мебинем. Вале боз ҳам мегӯям, пайдо шудани майдончаҳои варзишиву бозии кӯдакон ҳанӯз аз тавонмандиҳои шаҳрдори нав намегӯяд. Чун, аввалан, барои пайдоиши онҳо маҳз дар замони Убайдуллоеви «ганда», ки ҳазорон иншооти ғайриқонуниро аз пушту паҳлӯву байни хонаҳои баландошёна бартараф намуд, замина гузошт. Баьдан, ин майдончаҳоро ба қавле «тамоми мамлакат» ( хонда шавад, вазорату идораҳо, шаҳру навоҳии кишвар) месозанд. Пас чаро ҳамдро бояд Рустами Эмомалӣ бишнавад?

«Эҳёи Соли нав», ки «пуф» карданашро то ҳанӯз бархеҳо сармашқи кори худ қарор додаанд, аз барои Худо, магар ба шаҳрдори нав иртибот мегирад? Чанд сол пеш ҳатто дар сатҳи муфтиёт ноҷо будани таҷлилашро фатво медоданд. Бовар дорам, агар имсол ҳам аз онҳо дар ин бора мепурсиданд, ривояти дигаре пайдо кардаву ҷашнгирии Соли навро раво мегуфтанд. Яьне «замона тақозо мекунад»…

Ташкил намудани гуруҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла рақамҳо дар вайберро чаро ба «осмони ҳафтум» бароварданӣ мешавед? Аввалан, то куҷо коромад будани онҳоро инҷониб шахсан санҷидам ва ҳанӯз таьсирнокиашро то ҷои лозим эҳсос накардам. Дуюм, магар дар замони Убайдуллоев чунин набуд? Оё нафари дуввуми Тоҷикистон шахсан худаш сафҳаи фейсбукӣ надорад? Ӯ ягона мансабдори сатҳи баланд дар Осиёи Миёна нест, ки то имрӯз бо беш аз 400 фаьоли фейсбук вохӯрд ва аз ҳисоби онҳо гуруҳи хосро ташкил намуд, ки дар ҷаласаҳо иштирок мекарданд, масьала мегузоштанд? Сомонаҳои иҷтимоии «Мо метавонем», «Бидуни миёнаравҳо»- ро фаромӯш кардем? Пас «урра»- гӯиҳо ба шаҳрдори нав, ки гӯё «акнун ҳарфи мардумро мешунаванд», то куҷо мантиқист?

Ман ба Рустами Эмомалӣ ягон ғаразе надорам. Албатта як мансабдор аст ва фаьолиятҳош бояд мунсифона аз ҷониби мардум баҳогузорӣ гарданд. Танҳо намехоҳам ӯ ва ҷомеаро қаламбадастоне ба иштибоҳ рӯ ба рӯ созанд. Ин як. Дуюм, зиёд намехоҳам байни ӯву шаҳрдори собиқ «мусобиқаи хубу бад» ташкил намоянд. Ба ҳар сурат, Убайдуллоев дар сохтусози на танҳо пойтахт, балки ин ҳукумат нақши ногусастанӣ дорад. Намешавад гуфт, ки дар фаьолиятҳояш иштибоҳ надошт, аммо…

Ва аммо, агар ҳадаф аз ин маьракаҳо расидан ба стратегияи ниҳоии тасмимгирифтаи элитаи ҳукмрон бошад, баҳсҳо дар бораи «Душанбеи дигар», «Эҳёи соли нав» ва ғайраҳо бемаьнӣ мемонанд. Дар ин сурат, шояд ба наздикӣ тасмими дигаре гирифта мешаваду Рустамро ба ягон мансаби дигар, ба эҳтимол ба сохторҳои қудратӣ мебаранд. Дар он сурат, Душанбеву ҳокими навашро чӣ хоҳем гуфт?

«Захираи эҷодӣ» «барои рӯзи мабодо» ёдатон монад! Варианти Г….

Манбаъ: шабакаи иҷтимоии фейсбук

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *