Мақомоти амрикоӣ тайи нишасти хабарӣ эълом карданд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таълиқи таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эронро «барои бори охир» тамдид кардааст.
Онҳо бо баёни ин ки Трамп модае марбут ба таҳримҳо дар тавофуқнома ҳастаии БАРҶОМ-ро лағв нахоҳад кард, изҳор доштанд: таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон то 120 рӯзи дигар тамдид шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти ИМА ин барои охирин бор аст, ки Трамп таълиқи таҳримҳо алайҳи Эронро тамдид мекунад, то Амрико ва Аврупо битавонанд ба тавофуқе барои мамнуъияти доимии барномаи ғанисозии Эрон ва тавсеъаи мушакии ин кишвар даст ёбанд.
Трамп БАРҶОМ-ро, ки Барак Обама, раисҷумҳури пешини ин кишвар имзо карда буд, «тавофуқномаи бад» дониста ва хоҳони ислоҳ ё лағви он шуда буд.
Аз сӯи дигар вазорат молияи Амрико номи 14 шахсияти ҳақиқӣ ва ҳуқуқии эронӣ ва муртабит бо Эронро ба далели нақзи ҳуқуқи башар, сонсур ва фаъолиятҳои таслиҳотӣ ба феҳристи таҳримшудагон изофа кард.
Яке аз муҳимтарин афроде, ки шомили ин лист шудааст, Содиқ Омули Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон аст.