Тибқи иттилои чанд хонандаи Паём.нет, дар ҷамоъати Понғози ноҳияи Ашт гурӯҳе иборат аз 12-15 нафар хона ба хонаи мардум гашта, дар бораи ба фарҳанги бегонагон таъаллуқ доштани сатрпӯшии занон “мавъиза” мекунанд.
Ин гурӯҳ, ки аз 5-6 зан, 3-4 мард ва 2-3 корманди низомипӯши Вазорати корҳои дохилӣ мураттаб шудааст, ба хонаҳои мардум меравад ва занон бо занону мардон бо мардон сӯҳбат мекунанд. Ду нафари ин занон ва ҳади ақал як нафар аз мардон намояндаи вилоят будаанд.
Даст кашидан аз “фарҳанги бегона”, яъне сатрпӯширо ин гурӯҳ амри “Пешвои миллат” хонда, ҷавобгарӣ доштани он дар сурати идома доданашро таъкид мекунанд. Тибқи “фарҳанги миллӣ”-и ин гурӯҳ, ки дар деҳаҳои Ашт тарғиб мекунанд, занон бояд вақти бастани рӯймолҳо қисме аз мӯйҳо ва гарданҳояшонро намоиш диҳанд.
Як шоҳиди ин ҳодиса навиштааст, ки яке аз ин занҳо, ки поҷома надошта, то зонуҳояш луч будаанд, дар кӯча зани ҷавони сатрпӯшеро боздошта, ба ӯ амр кардааст рӯймолашро аз паси сараш бандад. Вақте он ҷавонзан сабаб пурсидааст, ин зани бепоҷома посух додааст, ки ин навъи рӯймолбандӣ аз фарҳанги мо нест. “Ҷавонзан ба пои он зани беҳаё ишора карда пурсид, ки инаш аз фарҳанги мо аст? Занак худашро гум карда ҷавоб дод, ки “нею… хайр ба мо аз боло супориш шудааст”” — навиштааст ин хонандаи Паём.нет.
Ашт ягона минтақае нест, ки дар ин чанд рӯзи охир мавриди ҳуҷуми муборизон бо сатри исломӣ қарор гирифтааст. Чанд рӯз пеш хонандагони Паём.нет аз ноҳияҳои Сарбанд ва Фархор ҳам аз вуҷуди чунин як “гурӯҳи корӣ” хабар дода буданд.