Дар ҳоле, ки теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба чаҳорсад ҳазор нафар наздик мешавад, Олмон аз афзоиши шадиди ин афрод тайи як рӯзи гузашта хабар додааст. Ҳамзмон давлати Чин аз оғози коҳиши маҳдудиятҳо дар шаҳри Вуҳон, маркази аслии шуйӯъи вирус аз ҳудуди ду ҳафтаи дигар хабар додааст.
Теъдоди мубталиён дар Олмон тайи як рӯз беш аз 4700 афзоиш ёфт ва дар маҷмӯъ ба ҳудуди 27500 нафар расидааст.
Бо вуҷуди ин теъдод мавориди марг дар асари ибтило ба вируси коруно дар Олмон дар муқоиса бо Италия ва Испания бисёр поинтар аст.
То кунун беш аз шаш ҳазор нафар дар Италия ва ҳудуд 2700 нафар дар Испания ба далели ибтило ба коруно ҷони худро аз даст додаанд, аммо теъдоди ҷонбохтагон дар Олмон 130 нафар гузориш шудааст.
Ҳамзамон расонаҳои давлатии Чин аз хориҷ шудани тадриҷии шаҳри Вуҳон, маркази аслии шуйӯъи вирус дар Чин ва ҷаҳон, аз карантин аз ҳудуди ду ҳафтаи дигар (ҳаштуми апрел) хабар доданд.
Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, афроде, ки дорои “коди сабз” дар эпликейшни саломат ҳастанд, метавонанд дар ин таърих аз шаҳр хориҷ шаванд.
Гуфта шуда, дар соири манотиқи устони Ҳубей, ки маркази он Вуҳон аст, рӯзи панҷшанбе 25 март маҳдудиятҳои мусофиратӣ барои афроди солим бардошта хоҳад шуд.
Дар ҳоле, ки дар устони Ҳубей мавориди ибтило коҳиш ёфта, дар баъзе дигар аз устонҳои Чин маҳдудиятҳо ташдид шуда, ки иллати он афзоиши мавориди ибтило дар афроди ғайрибумӣ будааст.
Чин гуфтааст тайи 24 соати гузашта 78 мавриди ҷадид ёфт шуда, ки 74 мавриди он касоне буданд, ки аз кишварҳои дигар ба ин кишвар омада буданд.
Дар Тайланд ҳамзамон бо ибтилои садҳо нафар, давлати ин кишвар гуфта қарор аст вазъияти изтирорӣ барқарор шавад. Нахуствазири ин кишвар гуфта аз рӯзи панҷшанбе ин вазъияти изтирорӣ ба муддати як моҳ иҷро мешавад ва истгоҳҳои бозрасӣ барои коҳиши тараддудҳои ғайри зарурӣ дар хиёбон мустақар хоҳад шуд.
Дар ин кишвар теъдоди кулли мубталиён ба 827 нафар расида ва чаҳор нафар ҳам ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гузориши “Уол Стрит журнал”, дар Амрико ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ худро омода мекунанд, ки довталабона парвозҳои мусофирбарии худро мутаваққиф кунанд.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Амрико ҳаммонанди кишварҳои дигар, зиёнҳои зиёде аз шуйӯъи вируси коруно диданд ва бо хонанишинии афрод ва коҳиши рағбат барои сафар хисороти зиёде мутаҳаммил шуданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта, ки интизор дорад иқдомоти маҳдудкунанда барои муқобила бо коруно дар ин кишвар барои ҳафтаҳо ва на моҳҳо идома ёбад.
Ӯ гуфта бо идомаи ин вазъият, афроди бештар ба далели идомаи таътилиҳо хоҳанд мурд то худ коруно. Трамп ваъда дода ба зудӣ вазъияти касбу кор ба ҳолати одӣ бар хоҳад гашт.
Дар Амрико беш аз 46 ҳазор нафар мубтало шиносоӣ шуда ва наздик ба 600 нафар ҳам ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳудуди ҳаштод миллион амрикоӣ дар иёлатҳое назири Калифорния, Ню-Йорк ва Вашингтон хонанишин шудаанд.
Дар кишварҳои ҷануби Осиё ҳам баъзе кишварҳо муқарраротеро барои коҳиши тамоси афрод ба иҷро гузоштаанд.
Дар Покистон, ки 878 маврид ибтило то дирӯз баъд аз зуҳр дар ин кишвар сабт шуда буд, маҳдудитҳои сахте ба иҷро даромада ва артиш ҳам ба кӯмак омадааст.
Дар Ҳинд тақрибан тамоми сӣ иёлати кишвар ба карантин рафта ва марзҳои иёлатӣ баста шудааст. Тамом васоити нақлияи умумӣ шомили автобус ва қатор ҳам фаъолияти худро мутаваққиф кардаанд.
Дирӯз Созмони ҳавопаймоии кишвари Ҳинд эълом кард ба зудӣ парвозҳои дохилӣ ҳам ба ҳоли таълиқ дар хоҳад омад.
Бангладеш то кунун 33 мавриди ибтило ва се маргро гузориш кардааст ҳар чанд нигарониҳои дар бораи сиҳати ин омор вуҷуд дорад.
Давлати ин кишвар эълом карда тамоми ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ аз ду рӯзи дигар 26 март баста хоҳанд шуд.
Непал тамоми марзҳои худро то нимаи апрел бастааст ва ҳатто шаҳрвандони худро ҳам ба ин кишвар роҳ намедиҳад.
Дар Миёнмор аввалини мавориди ибтило ба коруно сабт шуд. Ду марди мубтало шаҳрванди ин кишвар ҳастанд, ки ба тозагӣ аз кишвари дигар ба Миёнмор баргашта буданд. Миёнмор марзи тӯлонӣ бо Чин дорад.
Баъзе коршиносони беҳдоштӣ албатта ба ин омор бо тардид нигоҳ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо мумкин аст ба далели набуди китҳои озмоиш оморҳои воқеӣ мушаххас нашуда бошад.
Дар Яман Созмонҳои имдодӣ дар бораи табобати шуйӯъи вирус дар ин кишвари ҷангзада ҳушдор додаанд. Яман ҳам акнун вориди шашумин соли ҷанг шуда ва бо қаҳтӣ рӯ ба рӯст.
Ин кишвар фақат як мавриди ибтилоро ба таври расмӣ таъйид кардааст.
Дар Бритониё ҳам шаҳрвандони ин кишвар аввалин рӯзи маҳдудиятҳоро оғоз карданд ва пулис ҳам барои иҷрои ин муқаррарот ба кӯмак омадааст.
Аз ҷумла ин маҳдудиятҳо, ки дирӯз Борис Ҷонсон, нахуствазир, эълом кард мамнуъияти таҷаммӯъи беш аз ду нафар дар амокуни умумӣ буд. Афрод фақат барои корҳои зарурӣ мисли хариди мавод ғизоӣ ё варзиш он ҳам як бор дар рӯз метавонанд аз хона хориҷ шаванд. Аз шаҳрвандони Бритониё ҳамчунин хоста шуд фақат дар сурати зарурат ба сари кор бираванд.
Аз дирӯз бисёре аз идора ва мағозаҳо ба ғайр аз супрмаркетҳо ва дорухонаҳо ба дастури давлат баста шуд.