Рубрики Хабарҳо

Силоҳҳои пешрафтаи Ғарб ба Укроин ва ҳушдори Маскав

Берлин танҳо дар сурате тонкҳои ҷангии худро ба Укроин мефиристад, ки Вашингтон низ иқдоми мушобеҳе анҷом диҳад. Ин хабаре буд, ки аз сӯе чандин расонаи байналмилалӣ мунташир шуд. 

Ба гузориши онҳо, дар ҳоле, ки Олмон таҳти фишорҳои афзояндаи дохилӣ ва байналмилалӣ барои фиристодани танкҳои пешрафтаи сохти ин кишвар мавсум ба “Леопард” ба Укроин ё дасти кам иҷозаи таҳвили онҳо аз сӯи кишвари савум аст, Берлин ҳамчунон бар мавзеъи расмии худ таъкид мекунад ва дар ҳоли музокира бо Амрикост. 

Бар асоси ин гузоришҳо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон танҳо дар сурате ҳозир ба фиристодани тонкҳои Леопард хоҳад шуд, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида низ бо фиристодани тонкҳои Абрамси амрикоӣ мувофиқат кунад. 

Бисёриҳо умедворанд, ки имрӯз пас аз поёни нишасти муттаҳидони ғарбии Укроин дар пойгоҳи низомии амрикоии Рамштайн дар ҷанубу ғарби Олмон, тасмими равшане дар ин бора эълом шавад. 

Иллати тардидҳои Берлину Вашингтон чист? 

Пентагон аз он рӯ бо фиристодани тонкҳои Абрамс ба Укроин тардид дорад, ки ба гуфтаи Колин Кал, мушовири аршади амниятии Вазорати дифоъи Амрико, ин тонкҳо “гарон ва дорои таҷҳизоти бисёр печидае ҳастанд ва омӯзиши онҳо низ душвор аст. Ин тонкҳо ҳамчунин дорои мотори ҷет аст”. 

Фиристодан тонкҳои пешрафта ба Укроин дар ҳоле ба чолише барои Олмон ва Иёлоти муттаҳида табдил шуда, ки бинобар назари коршиносони ҷанг, фароҳам будани тонкҳои ҷангии ғарбӣ он ҳам ба мизони кофӣ, барои шикаст додани Русия ё дасти кам дифоъи Укроин аз худ дар баробари ҳамалоти паёпайи нерӯҳои Маскав, як масъалаи ҳаётӣ аст. 

Бао ин ҳол то ба имрӯз, танҳо Бритониё ба ваъдаи худ дар бораи фиристодани чунин таҷҳизоте ба Укроин амал карда ва дигар кишварҳои қудратманди аврупоӣ аз ҷумла Олмон, Фаронса ва Амрико, ё сарфан худравҳои зиреҳӣ ва системҳои дифоъи ҳавоӣ ва дигар таҷҳизоти сангинро фиристодаанд ва ё танҳо дар ҳамин маҳдуда худро мутааҳҳид кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки Олмон нигарони ташдиди таниш ва чигунагии вокуниши Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба арзаи таслиҳоти таҳоҷумӣ аст. Истидлоле, ки аз назари бисёре аз коршиносон ғайри қобили тавҷеҳ аст. 

Ба назар мерасад, ки Берлин нигарони афкори умумии мардуми худ низ бошад. Зеро ҳузури танкҳои олмонӣ дар хоки Укроин мумкин аст бори дигар барои олмониҳо ёдовари ҳаводиси ҷанги ҷаҳонии дувум бошад ва ба ҳамин далел садри аъзам нигарони натоиҷи назарсанҷиҳои дохилӣ аст. 

Илова бар ин, солҳо адами сармоягузорӣ дар саноеъи низомии Олмон боис шуда, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар вазъияти баде қарор бигиранд ва ҳатто агар Олаф Шолтс барои ирсоли ин танкҳо чароғи сабз нишон диҳад, тавлидкунандагони аслиҳа ҳушдор додаанд, ки бозсозӣ ва омодасозии онҳо барои таҳвил моҳҳо тӯл мекашад. 

Сафари Шарл Мишел ба Киев бо паёми ҳимоят аз Укроин 

Рӯзи панҷшнбе ҳамчунин Шарл Мишел, раиси Иттиҳодияи Аврупо ба Укроин сафар ва бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури ин кишвар дидор кард. Ҳадаф аз ин сафар таъкид бар ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо аз Укроин дар мубориза бо таҳоҷумҳои Русия, ҳамчунин гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар дар бораи раванди анҷоми ислоҳоти мади назари Иттиҳодияи Аврупо барои пайвастани Укроин ба ин иттиҳодия аст. 

Зеленский дар ҷараёни нишасти муштараки худ бо Шарл Мишел, бори дигар аз муттаҳидони Укроин хост то ҳарчи сареътар таслиҳоти бештаре дар ихтиёри Киев бигузоранд ва афзуд, ки ин кор ба “кафолати амнияти Укроин ва Аврупо” кумак мекунад. 

Ӯ ҳамчунин гуфт: “дар баробари ҳазорон тонки Русия, шуҷоати артиши мо ва ангезаи мардуми Укроин кофӣ нест.” 

Раиси Иттиҳодияи Аврупо низ эълом кард Укроин ба анҷоми ислоҳоти бештаре барои беҳбуди вазъияти “ҳокимияти қонун” ниёз дорад то битавонад пас аз поёни ҷанг ба ин иттиҳодия бипайвандад. 

Лаҳистон: барои фиристодани танкҳо “ниёзе ба муҷаввизи Олмон надорем” 

Дар ҳоле, ки пештар эълом шуда буд Финланд ва Лаҳистон омодаи фиристодани танкҳои “Леопард”-и худ ба Укроин ҳастанд аммо барои амалӣ кардани он ба муҷаввизи Олмон ниёз доранд, рӯзи панҷшнбе нахуствазири Лаҳистон гуфт, ки метавон ин тонкҳоро ҳатто бидуни мувофиқати Олмон таҳвили Укроин дод. 

Матеуш Мораветский дар ҷараёни гуфтугӯ бо яке аз шабакаҳои хабарии кишвараш эълом кард: “акнун масъалаи ризоят дар дараҷаи дувуми аҳамият қарор дорад. Мо ё ба суръати мувофиқати Олмонро касб мекунем ва ё ончиро, ки лозим аст худамон анҷом медиҳем.” 

Қарор аст имрӯз ҷумъа, намояндагони Олмон ва Иёлоти муттаҳида ба ҳамроҳии намояндагони даҳҳо муттаҳиди дигари Укроин, дар пойгоҳи ҳавоии Рамштайн ҷамъ шаванд то бо баргузории нишасте дар бораи чи гунагии таъмини таслиҳоти мавриди ниёзи Укроин дар соли нав тасмимгирӣ кунанд ва ба назар мерасад, ки ин суханони нахуствазири Лаҳистон, фишорҳо бар Берлинро дар остонаи ин нишаст афзоиш диҳад. 

Укроин: таъхир дар таҳвили тонкҳо ба баҳои ҷонҳои бештаре тамом мешавад 

Укроин, ки ба шиддат аз ин мавзӯъ нигарон аст, ки зимистон ба нерӯҳои русӣ фурсати созмондеҳии дубора ва анҷоми ҳамалоти бузургтарро бидиҳад, хостори дарёфти тонкҳои ҷангии “Леопард”-е аст, ки дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри гурӯҳе аз кишварҳои узви НАТО аст. Аммо тардидҳои Олмон монеъ аз анҷоми ҳар иқдоме дар ин замина шудааст. 

Бар ҳамин асос, Андрей Ермак раиси дафтари раёсатҷумҳурии Укроин дар паёме бо ишора ба нишасти рӯзи ҷумъаи муттаҳидони Киев навишт: “мо вақт надорем, дунё вақти зиёде надорад. Масъалаи тонкҳо барои Укроин бояд дар камтарин вақт ҳал шавад. Дуруст монанди масоили марбут ба системҳои дифоъи ҳавоӣ. Товони таъхир дар таҳвили ин таҷҳизотро мардум бо ҷонашон медиҳанд.” 

Вузарои хориҷаи ва дифоъи Укроин низ дар баёнияи муштаракӣ бо ишора ба “бартарии қобили таваҷҷуҳи Русия” дар нерӯ, таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ эълом карданд, ки таҳдиди вуқӯъи як ҳамлаи тамоми аёри ҷадид тавассути Маскав “бисёр воқеъӣ” аст. 

Бар ин асос Алексей Разников, вазири дифоъи Укроин аз ҳама кишварҳое, ки тонкҳои Леопард-2 доранд, шомили Юнон, Дания, Испания, Канада, Нидерланд, Олмон, Норвегия, Лаҳистон, Португалия, Туркия, Финланд ва Суид хост то ин ниёзи Укроинро таъмин кунанд. 

Як рӯз пеш аз нишасти бузурги муттаҳидони Киев, Ллойд Остин вазири дифоъи Амрико ва Борис Пестуриус вазири дифоъи ҷадиди Олмон, бо баргузории як нишасти дуҷониба дар Берлин мавзӯъи ирсоли тонк ба Украинаро ба баҳс гузоштанд. Бо ин вуҷуд ҳеҷ хабаре аз натиҷаи ин гуфтугӯҳо мунташир нашуд. 

Интизор меравад дар нишасти рӯзи ҷумъа, бори дигар дар бораи таҳвили миллиардҳо доллар кумаки низомӣ ба Укроин дар соли нави мелодӣ гуфтугӯ ва дар бораи замони таҳвили худравҳои зиреҳӣ ва системҳои падофанди ҳавоӣ, ки пеш аз ин кишварҳое ҳамчун Канада, Нидерланд ва Суис (Шветсия) ваъдаи онро ба Украина дода буданд, табодул назар шавад. 

Вашингтон ва бисёре аз муттаҳидони ғарбӣ мегӯяд тонкҳои Лепард, ки Олмон ҳазорон дастгоҳ аз онҳоро дар тӯли ҷанги сард сохта ва барои муттаҳидонаш содир карда, танҳо гузинаи муносиб барои тақвияти низомии Укроин дар замони кӯтоҳ аст. 

Бритониё 600 мушак Бримстун ба Укроин медиҳад 

Дар идомаи кашокашиҳо бар сари таҷҳизи Киев ба тонкҳои пешрафтаи ғарбӣ, вазири дифоъи Бритониё, ки рӯзи панҷшнбе дар Эстония буд, эълом кард, ки кишвараш бори дигар 600 мушаки Brimstone-ро барои муқобилаи Укроино бо ҳамалоти Русия ба ин кишвар ирсол хоҳад кард. 

Brimstone як мушаки замин ба замин ё ҳаво ба сатҳ ва қобили насб рӯйи навъҳои худравҳои зиреҳӣ аст. Ин мушак бо бурди 60 километр, муҷаҳҳаз ба ҳидояти лазерӣ ва радари миллиметри барои исобати муассир ба аҳдофи ҳаракаткунанда аст. 

Дания тамоми тӯпхонаҳои “Сезар”-и худро ба Киев ҳадия медиҳад 

Давлати Дания низ эълом кард, ки тасмим гирифтааст ҳамаи 19 тӯпхонаи дурбурди “Сезар”-и сохти кишвари Фаронсаро, ки аксари онҳо ҳанӯз таҳвил дода нашудаанд, ба Укроин ҳадя диҳад. Ин хабар аз сӯи вазири дифоъи Дания ва бо мувофиқати парлумони ин кишвар эълом шуд. 

Тӯпхонаҳои “Сезар”-и даниягӣ, ки сохти онҳо ба Фаронса супориш дода шуда буданд, зарфияти ҳамли 36 гулӯлаи тӯпро доранд ва муҷаҳҳаз ба кобини зиреҳӣ ҳастанд. 

Ҳушдори Кремл: даргириҳоро ворид сатҳи ҷадиде накунед 

Кремл рӯзи панҷашнбе дар ҳушдори сареҳ эълом кард, ки таҳвили таслиҳоти дурбурд ба ин маъност, ки “даргирӣ ба сатҳи ҷадиде хоҳад расид” ва ин иттифоқ аслан “чизи хубе барои амнияти Аврупо нест”. 

Мақомоти Укроин ҳамчунин мегӯянд, ки ба системҳои мушакӣ бо бурди беш аз 100 километр ниёз доранд то битавонанд ба занҷираи таъмини Русия, аз ҷумла анборҳои муҳиммот зарба бизананд. Аммо ғарбиҳо аз ин нигаронанд, ки Киев бо истифода аз ин силоҳҳо, ба умқи хоки Русия ва пойгоҳҳои ҳавоӣ ва баҳрии он дар Крим ҳамла кунад ва боиси ташдиди танишҳо шавад. 

Бо ин вуҷуд, рӯзномаи Ню-Йорк Таймз дар гузориши иддао кард, ки давлати Ҷо Байден машғули фикр кардан дар ин бора аст, ки эҳтимолан ба Укроин чароғи сабзи “ҳамла ба Крим”-ро бидиҳад. Зеро ин нимҷазира дар ҳоли ҳозир пойгоҳи аслии ҷангии Русия аст. 

Владимир Зеленский дар суханрониҳои ахири худ, бори дигар бар тамоюлаш барои бозпасгирии тамоми сарзаминҳои таҳти ишғоли Русия аз ҷумла нимҷазираи Крим таъкид кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *