Рубрики Хабарҳо

NHC: Фаронса наметавонад бидуни нақзи қонун Муҳаммадиқболи Садриддинро истирдод кунад

Кумита Хелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee) дирӯз 15 июн дар баёнияе гуфт, ки Фаронса набояд дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди як рӯзноманигор мустақил ба Тоҷикистонро иҷро кунад, чун вай онҷо дар маърази хатари шиканҷа ва дигар намудҳои таъқиб қарор хоҳад гирифт. 

“Дар аввали соли ҷорӣ, мақомот Тоҷикистон бо ирсоли дархости истирдоди Муҳаммадиқболи Садриддин ба Фаронса кӯшиши боз гардонидани иҷбории ӯ ба Тоҷикистонро карданд. Муҳаммадиқбол, ки дар соли 2012 аз Тоҷикистон фирор кард, сардабири пойгоҳи “Ислоҳ”, як расонаи мухолиф аст, ки ӯ дар Аврупо дар шаш сол гузашта раҳбарӣ кардааст” — гуфта мешавад дар баёния. 

Дар баёния тазаккур мешавад “Муҳаммадиқбол ба ҳайси мудири “Ислоҳ” ба мунтақиди сарсахту ошкору мақомотм Тоҷикистон табдил шудааст. Ў ба далели ифшои фасод давлативу нақзи шадиди ҳуқуқ башар ва ҳамчунин интиқоди шадид аз режими Тоҷикистон маъруф гашдааст. Дар муқобил, мақомоти Тоҷикистон солҳост, ки ба думболи интиқомгирӣ аз Муҳаммадиқбол ва сокит кардани ӯву хабаргузорияш будаанд”. 

Худи Муҳаммадиқболи Садриддин ба Кумитаи Хелсинкии Норвегия гуфт, ки пас аз ифтитоҳи канали ютубии «Isloh tv» дар соли 2019, мақомот талошҳои худро барои шикори ӯ афзоиш доданд. Дар соли 2020, дар ҳоле, ки ӯ аллакай солҳо дар ҳиҷрат қарор дошт, мақомоти Тоҷикистон ӯро муттаҳам ба қаллобӣ карданд. Соли баъд, мақомот панҷ нафарро, ки иттиҳоми додани маълумот ба “Ислоҳ” ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд. Баъди ҳабси ин афрод, мақомот эълом карданд, ки “Ислоҳ”-ро бахше аз Ҳизб мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон медонанд ва ҳар гуна иртибот бо ин пойгоҳро дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб мекунанд. 

Дар баёнияи кумита гуфта мешавад “режими Тоҷикистон солҳост, ки мунтақидонро дар дохил кишвар ба таври дастаҷамъӣ зиндонӣ карда ва мухолифонро дар хориҷ аз кишвар таъқиб менамояд”. 

Берит Линдеман, дабири кулли Кумита Хелсинкии Норвегия, гуфтааст “таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки ҳар мухолифе, ки ба дасти мақомоти Тоҷикистон бияфтад дар маърази хатар шиканҷа ва дигар бадрафториҳо қарор мегирад ва ҳамчунин зиндонии сиёсӣ мешавад. Фаронса наметавонад Муҳаммадиқболро бидуни нақзи асли нақзнопазири истирдод бо зӯр ба Тоҷикистон бозгардонад. 

“Ҷиноят”-е, ки мақомоти Тоҷикистон Муҳаммадиқболро барои он таҳти таъқиб қарор додаанд, гӯё дар соли 2010 рух додааст. Ба иддаои Додситонии кулли Тоҷикистон, Муҳаммадиқбол гӯё аз се нафар дар маҷмӯъ 430000 доллар гирфитаву боз нагардонидааст. Худи Муҳаммадиқбол ин иддаои мақомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки иттиҳомоти ҷиноӣ ангезаи сиёсӣ доранд ва барои сокит кардан гузоришҳои ӯ тарроҳӣ шудааст. 

Дар баёнияи Кумитаи Хелсинки гуфта мешавад “дар воқеъ, ин аввалин бор нест, ки мақомоти Тоҷикистон мунтақидон ва мухолифонро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд — Кумита Хелсинкии Норвегия ҳадди ақал ҳашт мавриди дигарро мустанад кардааст, ки дар он мақомоти Тоҷикистон мухолифон ва мунтақидонро бар асоси моддаи 247 муттаҳам кардаанд, ки вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин. Маҳкамов аз ҷумлаи онҳоянд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *