Боздошти 4 тоҷик дар Маскав бо иттиҳоми авбошӣ
Гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон, ки дар Маскав бо ҷавонони маҳаллӣ задухӯрди дастаҷамъӣ карда, онро дар сабт карда буданд, аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуданд. Ин ҷавонон дар задухӯрд дар шоҳроҳи Каширское як ҷавони маҳаллиро ба замин афтонида лагадборон карданд.
Нашрияи «МК» менависад, ин ҷавонон худро аз Помир гуфтаанд.
Ҳарчанд ҷабрдида бо ҷароҳатҳои сабук наҷот ёфтааст, 4 иштирокчии занозанӣ боздошт шудааст, ки ду нафари онҳо ноболиғ буда, хурдӣ 16 сол доштааст.
Гуфта мешавад ҳама ҷавонон аз хонаводаҳои обод буданд, як нафар донишҷӯи коллеҷ, се нафар донишҷӯи донишгоҳ будаанд. Яке донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия низ будааст.
Ҳоло ҷавононро барои даст доштан дар ҷиноятҳои дигари монанд тафтиш мекунанд. Аз ҷумла, шоми 11 феврал дар кӯчаи Маросейка дар ҳамин шароит як гурӯҳи зодаи Тоҷикистон ду навраси 17 ва 16-соларо лату кӯб кардаанд, ки баъдан дар бемористон бистарӣ шудаанд. Як шоҳиди тасодуфӣ ҳамларо дар телефони худ сабт кардааст.