Матбуоти маҳаллӣ рӯзи шанбе гузориш дод, ки пулиси Туркия 12 нафарро бар асари фурӯ рехтани биноҳо дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Ғозиантеп ва Шанлиурфа дар пайи заминларзаи шадид дар Туркия боздошт кардааст.
Бино ба иттилои хабаргузории DHA, дар миёни боздоштшудагон пудратчиёни сохтмон низ будаанд.
Бар асари заминларзаи 7,8 дараҷаӣ дар Туркия, ки дастикам 6000 бино фурӯ рехт ва наздик ба 30 ҳазор нафар кушта шуданд, боиси кахру газаби ахли чамъият ба сифати пасти манзил гардид.
Фуат Октай, ноиби раисиҷумҳури Туркия, ба хабарнигорон гуфт, ки додситонҳо дар робита ба сохтмони ин биноҳо 113 дастури боздошти масъулини сохтмони биноҳоро содир кардаанд.
Ба иттилои манбаъ аз афроде, ки рӯзи шанбе боздошт шудаанд, пудратчии сохтмон дар Ғозиантеп будааст, ки пулис ӯро дар Истанбул пайдо кардааст.
Додситонҳо дар вилоятҳои осебдида, аз ҷумла Қаҳрамонмараш, ки минтақаи маркази заминларза буд, тафтишот оғоз карданд.
Вазорати адлияи Туркия ба додситонҳои даҳ вилоят амр додааст, ки «шуъбаҳои вижа барои таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба заминларза» таъсис диҳанд.
Пулис рӯзи ҷумъа пудратчии сохтмони як бинои баландошёна дар вилояти Ҳатайро низ боздошт кард.
Ӯ дар фурудгоҳи Истанбул ҳангоми кӯшиши тарки кишвар боздошт шуд.