«Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ба сохтани корхонаи дуюми худ дар шаҳри Истиқлоли Суғд шурӯъ кардааст. Корхонаи дувум раванди кори ин шикатро тақвият дода, ба коркарди мису сурб ва нуқра машғул мешавад. Гуфта мешавад бо ифтитоҳи ин корхонаи саноатии куҳӣ 150 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Ба гуфти масъулини соҳа «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» лоиҳаи онро омода намуда, дар муддати якуним сол ба истифода медиҳанд.
Корхонаи коркарди мису нуқра дар шаҳри Истиқлол бо харҷи 50 миллион доллари ИМА сохта мешавад.
ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” корхонаи муштараки коркарди маъданҳои куҳӣ буда, аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Корхонаҳои саноатии шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон ва корхонаи саноатии чинии шаҳри Истиқлол низ ба ҳамин ширкат мансубият доранд.