Расонаҳои Туркия бо такя ба Идораи умури изтирории ин кишвар (AFAD) гузориш доданд, ки шумори кушташудагон бар асари заминларзаҳо дар Туркия ба 18 342 нафар расид.
Тибқи додаҳои мақомоти Туркия дар 84 соати гузашта 193 нафар аз зери харобаҳо зинда берун оварда шудаанд. Дар маҷмӯъ 74 242 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ба гуфтаи Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии кишвар, дар заминларзаҳо 120 афсари пулис ва дастикам 32 афсари жандарм кушта шудаанд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар робита ба ин ҳодиса дар Туркия мотами умумимиллӣ эълон кард, ки он то 12 феврал идома хоҳад кард.
Дар саросари ин кишвар зиёда аз 6000 бино хароб гардид.
Пойгоҳи Fitch хисороти бимавии Туркияро аз заминларза то 4 миллиард доллар арзёбӣ кардааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) ҳисоб кардааст, ки аз зилзила метавонад дар Туркия ва Сурияи ҳамсоя то 23 миллион нафар осеб дида бошад.
Дар Сурия, ки бо вилоятҳои ҷанубу шарқи Туркия ҳаммарз аст, дастикам 3700 нафар кушта шудаанд.
Дар қатори кишварҳои дигар наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд.
Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, раиси маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон субҳи 10 феврал наҷотдиҳандагони тоҷик дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия, ки аз заминларза хисороти ҷиддӣ дидааст, ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд.