Рубрики Хабарҳо

Бо шикасти пурголи тими Русия, наврасони тоҷик дар «Ҷоми рушд-2023»севум шуданд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид, хабар медиҳад Федерасюни футболи Тоҷикистон.

Дастаи кишвар дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров заданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуда буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *