Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори Ожонси ғизои Созмони милал: камғизоӣ дар Афғонистон ба болотарин сатҳи худ расид

Сухангӯи барномаи ҷаҳонии ғизо рӯзи панҷшанбе 26 январ дар бораи сатҳи болоии камғизоӣ дар Афғонистон ҳушдор дод ва онро дар болотарин ҳадди худ тавсиф кард, ба тавре, ки ба гуфтаи вай ниме аз мардуми ин кишвар дар тӯли соли гузашта мутаҳаммили гуруснгиҳои шадид шудаанд. 

Ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 мунҷар ба таваққуфи якбораи кумакҳои хориҷӣ ба ин кишвар шуд. Амре, ки миллионҳо нафарро ба самти фақру гуруснагӣ савқ дод. 

Таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Толибон, таваққуфи нақл ва интиқолоти банкӣ ва масдуд шудани захоири арзии Афғонистон, дастрасӣ ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва кумакҳои хориҷиро маҳдуд кардааст. Пеш аз хурӯҷи нерӯҳои Иёлоти муттаҳида ва НАТО бахше аз иқтисоди Афғонистон то ҳудуде бар пояи ҳамин кумакҳои хориҷӣ устувор буд. 

Филип Крапф сухангӯи Ожонси ғизоии Созмони милал дар Кобул дар ин замина гуфт: “фориғ аз ин ки дар чӣ фасле аз сол бошем, ниме аз мардуми Афғонистон аз гуруснагии шадид ранҷ мебаранд ва мизони камғизоӣ дар Афғонистон ба рекорди болоӣ расидааст.” 

Вай афзуд “дар ин кишвари 40-миллионнафарӣ, дастикам ҳафт миллион кӯдак (зери панҷсол) ва модарон аз камғизоӣ ранҷ мебаранд.” 

Крапф дар айни ҳол гуфт: “дуруст аст, ки афғонҳо аз гуруснагӣ намемиранд, аммо дигар чизе барояшон намонда то бо он битавон ҷилави вуқӯъи ин буҳрони инсониро гирифт.” 

То кунун ожонсҳои имдодӣ ба равишҳои мухталиф ба афғонҳо кумакҳои ғизоӣ, омӯзишӣ ва муроқибатҳои дармонӣ аз ҷумла гармоиш, пули нақд барои таъмини сӯхт ва либоси гарм ироа мекарданд. Аммо ин кумакрасониҳо таҳти таъсири фармони ахири Толибон қарор гирифтааст, фармое, ки ба мӯҷиби он иштиғоли занон дар созмонҳои ғайри давлатии миллӣ ва байналмилалӣ мамнуъ шуд. 

Крапф гуфт: “ин мамнуъият дар бадтарин лаҳзаи мумкин рух додааст. Чаро, ки авзоъ ба ҳадде вахим аст, ки хонаводаҳо ҳатто намедонанд чи тавр ва аз куҷо бояд ваъдаи баъдии ғизоии худро таъмин кунанд.” 

Барномаи ҷаҳонии ғизо муддатҳо қабл аз судури фармони ахири Толибон, бо пешбинии эҳтимоли мавҷи кунунии сармои замистон, таҳвилу тақсими кумакҳои худро афзоиш дод ва ирсоли бастаҳои кумакҳои изтирории ғизоӣ ба 15 миллион нафар дар ин моҳро дар дастури кори худ қарор дода буд. 

Асари мамнуъияти кори занон бар имдодрасонӣ 

Ҳарчанд барномаи ҷаҳонии ғизо ба таври мустақим таҳти таъсири мамнуъияти ахир қарор нагирифтааст, аммо 19 созмони ғайридавлатии ҳамкор бо ин ниҳоди Созмони милал ба думболи судури ҳукми мамнуъияти иштиғоли занони афғон ба таърихи 24 декабри 2022, куллияи фаъолиятҳои худро дар ин кишвар ба ҳолати таълиқ даровардаанд. 

Илова бар ин, фармони ахири Толибон мӯҷиб ба таълиқ даромадани фаъолияти 115 клиники беҳдоштӣ аз маҷмӯъи 437 клиники сайёр дар Афғонистон шудааст ва ҳамин кофӣ буд то хидматрасонӣ ба беш аз 82 ҳазор кӯдаку зани бордор ва ширдеҳ мухтал шавад. Ҳамчунин як пружаи омӯзишӣ, ки ба наздик 40 ҳазор нафар аз занон хадамот ироа медод низ таътил шудааст ва дар як мавриди дигар низ таваққуфи барномаи мавсум ба “Миёнваъда дар мадраса” 616 ҳазор донишомузро аз дарёфти хадамоти тағзияҳое маҳрум кардааст. 

Аниса Самади Пурсатори 32 сола як клиники тағзия дар Кобул гуфт, ки “бидуни ҳимояти ожонсҳое монанди барномаи ҷаҳонии ғизо ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аксари кӯдакону модарон хоҳанд мурд.” Ӯ рӯзи панҷшанбе ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки акнун беш аз ҳар замони дигаре ба кумаки ин ниҳодҳо ниёз аст. 

Вай изофа кард: “дар тӯли панҷ моҳи гузашта мутаваҷҷеҳ шудам, ки шумори беморон рӯ ба афзоиш гузоштааст. Се моҳ пеш 48 бемор доштем. Моҳи гузашта 76 ва ин моҳ то алон 69 ё 70 бемор доштем, бештари беморонамон дугоникҳое ҳастанд, ки хеле заиф шудаанд дар ҳоле, ки модаронаш низ заиф ҳастанд.” 

Ӯ гуфт, ки камбуди дору дар канори фақру камбуди ғизо ба ин маънӣ аст, ки ҳатто як бемории ночиз низ метавонад барои бисёре аз афғонҳо ба як мушкили ҷиддӣ табдил шавад. 

Як мушовири тағзия низ дар ин замина мегӯяд, ки ба кӯдакон дар ин клиник ғизои тақвиякунанда медиҳем вале мебинем, ки дубора дучори коҳиши вазн шудаанд. Хонум Ҳусайнзода дар ин хусус афзуд, ки “модарҳо дар ҷавоб ба мо мегӯяанд, ки ҳезум ё роҳи дигаре барои гарм нигаҳ доштани фарзандонашон дар хона надоранд. Онҳо ғизои кофӣ низ барои тағзияи онҳо дар хона надоранд.” 

Як зани афғони 24 сола, ки барои аввалин бор модар шудааст бо муроҷиа ба ин клиник мегӯяд шири кофӣ барои тағзияи фарзандаш надорад. Шавҳари ӯ низ қаблан шуғл дошта вале ҳам акнун бекор аст. 

Ин модари ҷавон гуфт: “аз замоне, ки Толибон рӯйи кор омаданд, вазъияти иқтисодӣ бисёр бад шуд ва мардум ғизое барои хӯрдан надоранд. Мардум се вақт дар рӯз ғизо намехӯранд.” Ӯ афзуд: “агар чунин марказе барои ҳимоят аз мо набуд, мумкин буд фарзандамро аз даст бидиҳам.” 

Толибон дар идомаи саркӯби ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон ҳукми мамнуъияти иштиғоли занон дар созмонҳои ғайридавлатиро содир кардааст. Ин фармон алорағми маҳкумиятҳои байналмилалӣ ва ҳафтаҳо мубориза барои рафъи он, ҳамчунон побарҷо аст. 

Амина Муҳаммад олитарин мақоми зан дар Созмони милали муттаҳид, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар дидор бо вузарои Толибон дар Афғонистон аз ҳама тавони худ ва ҳар чӣ дар бисот дошта истифода карда то балки битавонад мақомоти Толибонро розӣ кунад то ба саркӯби занону духтарон поён диҳанд. Хонум Муҳаммад аз кишварҳои мусулмон хост то кумак кунанд Толибонро аз “қарни сездаҳуми ба қарни бисту якум” биоваранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *