Рубрики Хабарҳо

“Вол стрит журнал”: ҳамла ба Эронро Исроил анҷом дод

Рӯзномаи “Вол стрит журнал” рӯзи якшанбе гузориш дод, ки Исроил ба як корхонаи низомь дар Эрон ҳамлае паҳподӣ анҷом додааст. 

Ин гузориш чанд соат пас аз интишори хабари инфиҷор дар Исфаҳон ва таъйиди ҳамлаи ба як корхонаи истеҳсоли силоҳ дар ин шаҳр аз сӯи вазорати дифоъи Эрон мунташир шудааст. Дар гузориши“Вол стрит журнал” омадааст, ки мақомоти амрикоӣ ва афроди огоҳ дар заминаи ин амалиёт, анҷоми он аз сӯи Исроилро таъйид кардаанд. 

“Вол стрит журнал”, ки Амрико ва Исроил ба думболи “роҳҳои наве барои маҳдудсозии баландпарвозиҳои низомӣ ва ҳастаии Эрон” ҳастанд. 

Дар ин гузориш аз ҳамлаи паҳподии шаби шанбе ба унвони аввалин ҳамлаи Исроил ба марказе дар Эрон аз замони оғози давраи фаъолияти ҷадиди Бенёмин Нитонёҳу дар мақоми нахуствазири Исроил ёд шудааст. 

Ба гуфтаи “Вол стрит журнал” Амрико ҳамзамон бо таҳвили паҳподҳои эронӣ ба Русия, Исроилро таҳт фишор гузоштааст то иқдомҳое дар ростои кумак ба Укроин анҷом диҳад. Бино ба ҳамин гузориш давлати Бенёмин Нитонёҳу нигарон аст, ки кумакҳояш ба Укроин мумкин аст бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Русия дар Сурия, бар тавонои кишвараш барои ҳамла ба мавозеъи шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти Эрон дар Русия таъсир бигузорад. 

Вазорати дифоъи Эрон ҳамлаи шанбешабро “номувафақ” хондааст. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ рӯз якшанбе дар вокуниш ба ҳамлаи паҳподӣ ба як корхонаи муҳиммотсозии вазорати дифоъ дар Исфаҳон аз он ба унвони “иқдоме буздилона” ёд кард. 

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар ҳошияи дидор бо ҳамтои қатарии худ дар Теҳрон сухан мегуфт, таъкид кард, ки ҳадаф аз ин ҳамла “ноамнсозии кишвар” буд. Ў ҳамчунин гуфт, ки ин ҳамла таъсире бар “пешрафтҳои ҳастаии сулҳомез”-и Эрон нахоҳад гузошт. 

Ишораи Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ба барнома ҳастаӣ Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, ки вазорати дифоъ Эрон ҳадафи ҳамлаи шанбешаби паҳподҳоро “яке аз муҷтамеъҳои коргоҳии” ин вазоратхона хонда ва ишорае ба нақши ин коргоҳ дар барномаи ҳастаии Эрон накардааст. 

Чанд маркази шинохташудаи муртабит бо барномаи ҳастаии Эрон дар устони Исфаҳон воқеъ шудааст. Ин барнома пеш аз ин борҳо ҳадафи инфиҷорҳо, ҳамалоти сайберӣ ва террори дастандаркоронаш қарор гирифтааст.

Таъкиди “Вол стрит журнал” ба кори дасти Исроил будани ҳамла ба корхонаи муҳиммоти Исфаҳон дар ҳолест, ки шаби 28 ба 29 январ дар чандин шаҳрҳои Эрон, умдатан дар корхонаи истеҳсоли муҳиммоти низомӣ таркишҳо ба амал омаданд. Дар бештари шаҳрҳои Эрон ҳавопаймоҳову чархболҳои чангӣ ба ҳаво хестанд ва дар бархе аз онҳо вазъи фавқулъодаи низомӣ эълон шуд.

Бархе аз мақомоти эронӣ ба посухи зудҳангоми Эрон таъкид кардаанд, аммо ишора асосан ба киштиҳои нафткаши исроилӣ шудааст, на ба корхонаҳои низомӣ дар хоки он кишвар.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *