Вазири хориҷаи Амрико бо вуруд ба Қоҳира сафари серӯзаи худ ба Ховари Миёнаро шурӯъ кард. Ин сафар бо шӯълавар шудани хушунатҳо миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо ҳамроҳ аст. Масъалаи ҳастаии Эрон ва ҷанг дар Укроинро дар дастури кори Энтони Блинкен қарор дод.
Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе, 29 январ вориди Қоҳира шуд. Ў имрӯз, душанбе озими Байтулмуқаддас хоҳад шуд. Ҷое, ки давлати ростгарои ҷадиди Бинёмин Нетаняҳу, дар дохилу хориҷ аз кишвар дар мавриди ояндаи арзишҳои секулори Исроил, равобити қавмии азҳамгусехта ва музокироти ба бунбаст расидаи сулҳ бо фаластиниҳо нигарониҳое барангехтааст.
Дар рӯзҳои ахир мавҷи хушунатҳои маргбор дар Исроил ва манотиқи фаластинӣ, нигарониҳо нисбат ба боло гирифтани танишҳоро ташдид кардааст.
Як марди мусаллаҳи фаластинӣ дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа 27 январ дар хориҷ аз канисаи Иерусалим ҳафт нафарро кушт. Ин бадтарин ҳамла ба исроилиҳо дар минтақаи Иерусалим аз соли 2008 ва пас аз ҳамлаи маргбори ахири Исроил ба шаҳр Ҷенин дар Каронаи Бохтарӣ дар тӯл солҳои гузашта буд.
Ҳамос ва гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ пеш аз ин эълом карда буданд, интиқоми кушта шудани 10 фаластинӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои исроилӣ дар Каронаи Бохтариро хоҳанд гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Блинкен қасд дорад дар гуфтугӯ бо давлати ҷадиди Исроил, ки шомили аҳзоби миллигароии ифротӣ аст ва мехоҳанд шаҳраксозиҳои Каронаи Бохтариро густариш диҳанд, дархостҳои Амрико барои оромишро такрор кунад ва бар ҳимояти Вашингтон аз роҳи ҳали ташкили ду кишвар таъкид варзад. Ин дар ҳоле аст мақомоти амрикоӣ таъкид мекунанд, ки дар ояндаи наздик эҳтимоли анҷоми музокироти тӯлонимуддати сулҳ вуҷуд надорад.
Блинкен ҳамчунин ба Рамаллоҳ сафар хоҳад кард то бо Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин ва дигар мақомоти фаластинӣ ва аъзои ҷомеаи маданӣ дидор кунад.
Давлати Нетоняҳу як бознигарии густурда дар сохтори қувваи қазоияро пешниҳод кардааст. Ин тарҳ контроли сиёсӣ бар таъини додрасро тақвият мекунад ва дар айни ҳол тавоноии девони олӣ барои лағви қавонин ё ҳукм алайҳи иқдомоти давлатро тазъиф месозад. Ин пешниҳодҳои давлати Нетаняҳу тазоҳуроти хиёбонии бузургеро алайҳи он чи мӯътаризон онро тазъифи истиқлоли додгоҳ медонанд, барангехт.
Барбара Леаф, мақоми аршади вазорати хориҷаи Амрико дар умури Ховари Миёна гуфт, ки ин сафар ҳамчунин дар ростои талошҳои қабли Амрико барои зинда кардани равобит миёни Исроил ва кишварҳои арабӣ сурат мегирад. Раванде, ки шомили фаластиниҳо нахоҳад шуд ва мақомоти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Миср, дар ҳавзаҳои монанди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гардишгарӣ баҳс мекунанд.
Укроин ва Эрон дар дастури кор
Ҷанги 11 моҳаи Русия дар Укроин низ дар дастури кори Блинкен қарор хоҳад гирифт. Укроин, ки ҳаҷми зиёде таҷҳизоти низомӣ аз Амрико ва Аврупо дарёфт карда, аз Исроил хостааст то системҳоеро барои сарнагун сохтани паҳподҳо, аз ҷумла таҷҳизоте, ки тавассути душмани минтақаии Исроил, Эрон таъмин мешавад, фароҳам кунад.
Исроил ин дархостҳоро рад кардааст. Исроил дар ҳоле, ки таҳоҷуми Русияро маҳкум мекунад, ба кумакҳои башардӯстона ва ирсоли таҷҳизоти ҳифозатӣ ба Укроин басанда кардааст. Далели он, тамоюли Исроил ба идомаи ҳамкорӣ бо Маскав бар сари ҳамсояи ҷангзадаи Сурия ва тазмини амнияту рифоҳи яҳудиёни Русия аст.
Дипломатҳои Амрико ҳамчунин дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон бо Исроил гуфтугӯ хоҳанд кард. Ба вижа, ки талошҳои давлати Байден барои эҳёи тавофуқи ҳастаи 2015 ба бунбаст хӯрда ва ба далели адами вуҷуди тарҳи ҷойгузини В барои ҷилавгирӣ аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ, намояндагони ду тараф бояд раъйзанӣ кунанд.
Нигарониҳои ҳуқуқӣ
Леаф гуфт, Блинкен дар Қоҳира бо Абдулфаттоҳ Ал-Сисӣ, раисҷумҳур ва Самеҳ Шукрӣ, вазири умури хориҷа дидор ва гуфтугӯ кард то “мушорикати стратегӣ”-и Вашингтон бо Мисрро тақвият кунад ва ҳамкорӣ дар мавриди масоили минтақае монанди интиқоли Судон ва интихобот дар Либияро тақвият кунад.
Блинкен ҳамчунин барои матраҳ кардани нигарониҳои ношӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Миср таҳти фишор хоҳад буд.
Давлати Байден пардохти миллионҳо доллар кумаки низомӣ ба Мисрро ба далели адами риояти ҳуқуқи башар мутаваққиф кардааст. Агарчи гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар бо иттиҳомоти нақзҳои густурда аз ҷумла шиканҷаву нопадид шудани иҷборӣ, талош кардаанд то аз кумакҳои низомии бештар ҷилавгирӣ шавад.
Бахши умдаи 1,3 миллиард доллар кумаки низомии хориҷӣ, ки Вашингтон ҳарсола ба Миср мекунад, пардохт шудааст, зеро Амрико дар мавриди боздоштҳои сиёсӣ тағйиротеро дар рӯйкарди давлати Сисӣ мушоҳида мекунад.
Сисӣ, ки дар соли 2014 ба раёсатҷумҳурӣ расид, муддаӣ аст, ки Миср аслан зиндонии сиёсӣ надорад. Сисӣ истидлол мекунад, ки таъмини амният дар авлавият қарор дорад ва давлат бо талош барои таъмини ниёзҳои асосии мардум монанди шуғлу маскан, ҳуқуқи башарро болотар мебарад.