Рубрики Хабарҳо

Пайвастани шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба низоми ягонаи ОМ ба таъхир афтод

Мебоист дар авоили соли 2023 шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешуд, аммо боз ба таъхир афтод.

Акнун масъулин мегуянд, ки хатҳои асосии интиқоли барқи Тоҷикистон то охири соли 2023 ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешаванд.

Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, лоиҳаи пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки хатҳои 500 ва 220 кВт-ӣ то моҳи апрел, яъне то мавсими содироти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон, пайваст карда шаванд.

Далер Ҷумъа, дар нишасти матбуотии вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки шояд то охири сол низ ин тарҳ комилан татбиқ нагардад ва афзуд барои васл кардани хати боқимонда дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд вақти иловагӣ лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки масъулини энергетикаи Тоҷикистон қаблан мегуфтанд, ки эҳтимол то охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ҷумҳурӣ пурра ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *