Ҳамлаи паҳподҳо ба корхонаи муҳиммотсозии вазорати дифоъи Эрон дар Исфаҳон бо вокунишҳо ва таҳлилҳои зиёду мутафовите аз сӯи сиёсатмадорон таҳлилгарон ҳамроҳ шудааст.
Кремл рӯзи душанбе дар вокуниш ба ҳадаф қарор гирифтани як таъсисоти низомӣ дар даруни Эрон, ки бархе манобеъ онро ба Исроил нисбат медиҳанд ин иқдомро маҳкум кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар айни ҳол ёдовар шуд, ки дастгоҳи иттилоотии Русия дар ҳоли арзёбӣ ва таҷзия ва таҳлили додаҳои мавҷуд ҳастанд то бештар аз ҷузъиёти ин ҳамла матлаъ шаванд.
Аз сӯи дигар, сухангӯи вазорати умури хорҷаи Русия низ рӯзи душанбе зимни маҳкум кардани ҳамла ба корхонаи низомии Исфаҳон нисбат ба “паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ”-и он ҳушдор дод.
Мария Захарова дар ин хусус тасреҳ кард, ки кишвараш “ҳар гуна иқдоми таҳрикомез бо имкони ташдиди ғайри қобили контроли танишҳо дар минтақаи на чандон ором”-ро ба шиддат маҳкум мекунад.
Иҳзори кордори Укроин
Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки дар пайи изҳороти мушовири дафтари раёсати ҷумҳурии Укроин дар хусуси ҳамлаи паҳподии суратгирифта ба корхонаи Исфаҳон, кордори сафорати ин кишвар дар Теҳронро эҳзор кардааст.
Михаил Подоляк, мушовири дафтари раёсати ҷумҳурии Укроин пештар дар твитте муддаӣ шуда буд, ки ҳамлаи суратгирифта дар Исфаҳон ба навъе бо ҷанги ҷорӣ дар кишвараш муртабит аст.
Вай паёми худро бо ин ҳушдор оғоз карда буд, ки “мантиқи ҷанг кушандаву қотил аст ва гурезе аз он нест.”
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ин мавзеъ онро “хасмона ва таҳрикомез” хонд ва хостори тавзеҳи расмӣ ва шаффофи давлати Укроин дар ин хусус шуд.
Вай таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон, зимни таваҷҷуҳ ба усули пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилал, ҳамвора бар таҳаққуқи амнияти миллӣ ва ҳифозат аз манофеъ ва масолеҳи худ таъкид карда ва дар ин масир бо ҳеҷ тарафе рӯихотирбинӣ нахоҳад кард.”
Канъонӣ афзуд, ки “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳуқуқи машрӯъ ва қонунии худро барои иқдоми мутақобил нисбат ба тарафҳое, ки дар иқдомоти хилофи ҳуқуқи байналмилал мушорикат доштаанд, маҳфуз медорад.”
Амрико: ҳамла ба Исфаҳон кори мо нест
Вазорати дифоъи Эрон ҳамлаи шомгоҳи 28 январ ба яке аз корхонаҳои силоҳсозӣ дар Исфаҳонро, ки бино ба бархе гумонзаниҳо аз сӯи Исроил сурат гирифта, номувафақ тавсиф кардааст.
Ин ҳамла бино ба гузориши бархе мақомҳои амрикоӣ аз сӯи Вашингтон тарроҳӣ нашуда ва ба зоҳир Исроил пушти он будааст.
Рейтерз бо эъломи ин матлаб ба нақл аз як мақоми амрикоӣ дар гузорише овардааст, ки ин ҳамла аз сӯи Исроил сурат гирифтааст.
Бинобар ин гузориш, Патрик Райдер, сухангӯи Пентагон дар ҷараёни як конфронси хабарӣ бидуни додани тавзеҳоти бештар гуфтааст, ки ҳеҷ нерӯи низомии амрикоӣ дар ҳамалот ба Эрон дахил набудааст.
Рейтерз сипас бо ишора ба ин ки сухангӯи артиши Исроил аз изҳори назар дар хусуси ин ҳамла худдорӣ карда, овардааст: Исроил, душмани сарсахти Эрон аз муддатҳо пеш ҳушдор дода буд, ки дар сурати даст надодани пешгирии барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Теҳрон аз роҳи дипломосӣ, гузинаи ҳамлаи низомӣ ба аҳдофе дар Эронро дар пеш хоҳад гирифт.
Гуфтанист, ки “Вол стрит Журнал” низ пештар ба нақл аз чанд мақоми амрикоӣ ва низ афроди огоҳ эълом карда буд, ки ин ҳамла тавассути Исроил анҷом шудааст.
Паҳподҳо аз дохили Эрон баланд шуда буданд
Эрон мегӯяд ду паҳпод дар ҳамлаи ёдшуда ба муҷтамъи низомии Исфаҳонро раҳгирӣ ва сарнагун кардааст. Мақомоти эронӣ ҳанӯз мизони хисоратҳои ношӣ аз ин ҳамларо мушаххас накардаанд ва танҳо ба ин нукта иктифо кардаанд, ки сақфи муҷтамеъи мавриди ҳадаф қароргирифта осеби ҷузъи дидааст.
Аз сӯи дигар як мақоми эронӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира аз вуҷуди нишонаҳое мабнӣ бар дахолати Исроил дар ин ҳамла ёд карда ва эълом карда буд, ки таъкиди манобеъи исроилӣ бар муваффақтомез будани ин амалиёт барои сарпӯш гузоштан бар шикасти ин ҳамла сурат мегирад.
Ба гуфтаи ин мақоми эронӣ, ки номе аз вай бурда нашуда бар асоси таҳқиқоти аввалия паҳподҳо аз дохили хоки Эрон ва наздикии маҳалли мавриди ҳадаф ба ҳаво бархоста буданд.