Рубрики Хабарҳо

90% дору ва таҷҳизоти пизишкӣ воридотӣ ҳастанд

Абдухолиқ Холиқзода, мудири маркази иҷрои тарҳҳои муштараки давлат ва бахши хусусӣ дар кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 90 дарсад дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз ҳисоби воридот аз хориҷ таъмин мешавад.

Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон кайфияти доруҳои воридотӣ муҳим мебошад, ки ба ин манзур Вазорати тандурустӣ ва кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон назорат бар вуруди доруҳо аз хориҷро ташдид кардаанд, то аз роҳ ёфтани доруҳои бидуни кайфият ва тақаллубӣ ҷилавгирӣ шавад.

Ҳачунин ширкатҳои воридкунандаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод шудаанд, ки мӯҷиби ташвиқи онҳо барои таъмини ниёзи марказҳои дармонии кишвар бо заруриётҳои тиббӣ мешавад.

Гуфтанист, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое паҳн шудааст, бизнеси фурӯши дору дар Тоҷикистон монополияи писари раисҷумҳур, шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ мебошад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *