Вокуниши тунди Салоҳуддин Раббонӣ ба канор гузошта шуданаш аз раҳбарии Ҷамъият исломӣ
Шуморе аз аъзои ҳайати раҳбарии ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон дар ҷаласае ба раёсати Ато Муҳаммади Нур, раиси иҷроии ин ҳизб, эълом кардаанд, ки Салоҳуддин Раббониро аз риёсати ин ҳизб канор гузоштаанд.
Салоҳуддин Раббонӣ ҳудуди як даҳа пеш, пас аз кушта шудани падараш, Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешин, бунёнгузор ва раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, ба унвони сарпарасти ин ҳизб таъйин шуд.
Раббонӣ дирӯз дар вокунише, ки дар сафҳаи фейсбукиаш нашр шуда, бархе аз аъзои ҳайат раҳбариро, ки дар ҷаласа рӯзи қабл ширкат доштанд, ба «суъистифода аз ном ва нишони ин ҳизб» муттаҳам карда ва узвияти онҳоро ба ҳолати «тълиқ» даровардааст.
Дар баёния Раббонӣ гуфта, ки узвияти Ато Муҳаммади Нур, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, Калимуллоҳ Нақибӣ, Абдулҳафиз Мансур, Абдушшукур Воқиф Ҳакимӣ, Сайид Иноятуллоҳ Шодоб ва Абдуссаттор Муродро дар Ҷамъияти исломӣ ба ҳолати таълиқ дар меоварад.
Раббонӣ гуфта кумитаеро барои баргузории кунгираи ин ҳизб «ба шакли усулӣ ва мутобиқи муфоди маромнома ва асосномаи Ҷамъият» ба зудӣ муаррифӣ мекунад.
Раббонӣ дар ин баёния борӣ дигар мухолифатӣ худро бо тавофуқномаӣ сиёсӣ миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ иброз карда ва гуфта, ки бар «мавзеъи қаблии хеш перомуни ҳукумат бархоста аз тақаллуб таъкид мекунам ва муҷаддадан баён медорам, ки саҳим шудан дар ҳукумат баромада аз тақаллуб, мушорикат дар муҳандисии тақаллуботи интихоботӣ» аст.
Дар баёния омада, ки «Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар ташкили низоми ҷумҳурии исломии Афғонистон нақши муассир доштааст, бар мушорикати фаъоли ин ҳизб дар ҳукумат таъкид мекунад.»
Раббонӣ бо тавофуқӣ сиёсӣи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Ашраф Ғанӣ ба шакли феълӣ мухолиф буд. Ў хостори тағйири низоми сиёсӣ ба парлумонӣ ва ботил шудани натиҷаи интихоботи риёсатҷумҳурӣ буд.
Оё Ҷамъият дучори парокандагӣ мешавад?
Бархе манобеъ имкони парокандагӣ дар ин ҳизбро таъйид карда ва гуфтаанд, ки дар рӯзҳои оянда Раббонӣ низ ҷаласаи ҳайати раҳбарии ҳизби Ҷамъиятро баргузор хоҳад кард.
Дар рӯзҳои гузашта, гузоришҳое аз мухолифати Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъият бо тавофуқномаи сиёсии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ нашр шудааст.
Аз Раббонӣ нақл шуда, ки «муъаррифии аъзои ин ҷараёни сиёсӣ дар Шӯрои олии мусолиҳа вобаста ба Абдуллоҳ нест, ин ҳизб назари худро дорад ва Абдуллоҳ низ назари худро дорад, бинобарин Шӯрои раҳбарии ҳизби Ҷамъият таҳти таъсири тасмимҳои Абдуллоҳ қарор намегирд.»
Раббонӣ дар баёнияҳои тавофуқномаи сиёсӣ миёнӣ Абдуллоҳ ва Ғанӣ гуфта буд, ки «машруъият бахшидан ба натиҷаи тақаллубии интихоботи 1398 раъй ва ирода воқеии мардум нодида гирифта шуда ва ба эътимод ва бовари миллӣ ба равандҳо ва пружаҳои мардумсолорӣ осеби ҷиддӣ расонида ва аз ҷониби дигар сохтори мутамаркизи қудрат низ ҳифз шудааст, ки пазириши он барои Ҷамъияти исломии Афғонистон ба маънои убур аз хатти сурх ва зери по ниҳодани асли ҳаётии ин ҳизб мабнӣ бар «тавзеъи уфуқи қудрат» мебошад.»
Абдуллоҳ таъкид дошта, ки намояндагони мавриди назари ҳизби Ҷамъият низ дар ҳайати музокиракунанда дар гуфтугӯҳои байнулафғонии пеширӯ бо Толибон шомил шудааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар се давраи интихоботи риёсатҷумҳурии Афғонистон ба унвони номзади ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон номзад шудааст.