Дар соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар, зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Ин ҳаҷм бисёр ночиз аст, ки баробари ҳаҷми истеҳсоли ду колхози бузург дар замони Шӯравӣ ва баъди он ҳам нест.
Аз тарафи дигар ин миқдор 17,6 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2021 буда, аз рӯи маблағ бошад 17,6 млн доллар зиёдтар аст.
Зиёда аз 40% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот — 76,6 ҳазор тонна ташкил медиҳад, аз ҷумла 66,6 ҳазор тоннааш пиёз мебошад.
Ҳаҷми содироти мева 29% аз ҳаҷми умумӣ ё худ 54,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Бо ироаи ин маълумот Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш гуфт, харидорони сабзавот ва меваи Тоҷикистон асосан кишварҳои ИДМ буда, беш аз ҳама Русия ва Қазоқистон харидорӣ мекунанд.
Масъулини соҳаи кишоварзӣ мегуянд, дар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад.