Ҳамсари яке аз зиндониҳои Фаластинӣ дирӯз тифле ба дунё овард, ки ҳамлаш тавасути «нутфаи қочоқӣ» сурат гирифта буд.
Бино ба гузориши пойгоҳи хабарии «ТРТ Арабӣ», субҳи рӯзи якшанбе ҳамсари яке аз зиндониҳо дар шаҳри Ғаззаи Фаластин тифле ба дунё овардааст, ки тавассути «нутфаи қочоқӣ»-и шавҳараш Аюб Абӯ Курайям, ки ҳафт сол мешавад дар зиндони истилогарони Исроил нигаҳдорӣ мешавад, бордор шуда буд.
Падари ин боздоштшуда Аззом Абӯ Курайям дар сӯҳбат ба хабаргузории » Анадолу»-и Туркия гуфтааст: «баъди комёб шуданамон аз даст ёфтан бо роҳи қочоқ ба нутфа аз писарам, ки дар зиндонҳои Исроил ба сар мебарад соҳиби набера шудем».
Инчунин падари ин зиндонӣ изҳори “хушбахтии бузург ва саъодатмандӣ” барои наберааш намуда, дар зимн ба ташкилоту ҷомеаи шаҳрвандии Фаластин хитоб кардааст, ки барои озодии боздоштшудагон ҳама талошҳояшонро равона намоянд ва ин корро дар мадди аввали барномаҳояшон дошта бошанд.
Модари ҳамсари ин боздошт шуда Саҳом Дабобиш гуфтааст: «хеле эҳсосӣ ҳастам, намедонам чӣ гуна хушҳолиямро аз ин набераам, ки тавассути нутфаи қочоқӣ ба дунё омадааст баён кунам».
Дар идома ӯ изҳор кардааст: «шавҳари духтарам тавонист аз қаъри зиндони Исроил тавассути нутфаи қочоқӣ соҳиби фарзанд шавад. Хурсандиамон имрӯз аз ин набераи тоза ба дунё омада ҳадду канор надорад, вале хурсандӣ ва саодати пурра ҳамон вақт хоҳад буд, ки падараш (Аюб) аз зиндон озод гардад».
Дар ин бора Абдулло Қиндил раиси ҷамъияти “Воид” ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки махсус ба умури боздоштшудаҳои Фаластин сару кор дорад, меафзояд: «имрӯз шоҳиди ҳодисаҳои ҷадид ва ғайриоддӣ мегардем — таввалуди кӯдак тавассути нутфаи қочоқи аз дохили зиндонҳои Исроилӣ» ва илова мекунад: «миллати Фаластин исбот кард, ки барои идомаи ҳаёт ва озодиву шикастани қайду банди зиндон ба ҳама кор қодир аст».
Тибқи гузориши созмони “Ҳайати умури боздошудагон» давоми соли 2017 ҳафт нафар зиндониёни фаластинӣ тавасути «нутфаи қочоқӣ» соҳиби фарзанд шудаанд. Чандин олиму донишмандони Фаластин аз ҷумла собиқ муфтии Фаластин Икрима Сабрӣ, раиси робитаи олимони Фаластин Ҳомид Ал-Байтовӣ (соли 2012 аз дунё даргузашт) бар ҷоиз будани бордоршавии ҳамсарони боздоштшудаҳо дар зиндонҳои Исроил аз нутфаи шавҳарҳояшон, ки тавассути қочоқ ба даст меоранд, фатво содир кардаанд.
Дар соли 2012 аввалин ҳолати аз роҳи «қочоқи нутфа» ба дунё омадани тифли боздоштшуда Аммор Аз-Зайн ба қайд гирифта шудааст. Фаластиниҳо аз тафсилоти чӣ гуна ба даст овардани нутфа худдорӣ мекунанд, вале мегӯянд бо душвории зиёд ба даст меояд.
Тибқи оморҳои расмии мақомоти Фаластин, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Исроил тақрибан 6500 нафар фаластинӣ нигоҳдорӣ мешаванд.