«Авроқи парешон»- чопи китоби ҷадиди Назруллоҳи Назар дар Миср
Муассисаи нашриётии «Шамс»-и Қоҳира, пойтахти Миср китоби ҷадиди донишманди тоҷик Назруллоҳи Назарро зери унвони «Ал-Авроқ-ул-мутафарриқа»(Авроқи парешон) бо забони арабӣ чоп кард.
Дар ин китоб ҷамъе аз қасидаҳои муаллиф, ки бо забони арабӣ таълиф шудаанд, инчунин маҷмӯъи қасидаҳои тарҷумашудаи дигар шоъирони тоҷик, ки онҳоро низ ҷаноби Назруллоҳи Назар гирдоварӣ ва аз тоҷикӣ ба арабӣ баргардон кардааст, нашр шудааст.
Муаллиф дар муқаддимаи ин китоб гуфтааст: «номи кишвари ман Тоҷикистон, дар қадим маъруф ба «сарзамини Мовароуннаҳр» аст, гӯшаи кӯчаке аз замин, ки Худованд онро бо кӯҳҳои осмонбӯс ва обҳои саршор ба самти дашту водиҳои поёноб ва кишварҳои ҳамсоя сарфароз кардааст. Худованд фарзандони ин диёрро бо сафои қалбҳо, покии виҷдонҳо ва покизагии боварҳо, ки дар онҳо шаҳомати кӯҳҳо ва саховати обҳо ҷамъ шудааст, сириштааст.»
Инчунин илова кардааст: Тоҷикон аз қадимитарин халқҳои оламанд, ки фарҳанг ва тамаддуни худро доранд ва аз бештарин мусалмонон дар ҳамлу нақли илму шариъат буда, ва аз ҳаристарини мардумон дар таҳқиқ ва тадқиқи эҳёи Суннати Паёмар (с) ва аз оғози ислом аз наздиктарин миллатҳо ва пайваст будан бо арабҳоянд.
Вай таъкид кардааст, ки «фарҳанги арабиву тоҷикӣ дар он замон ҳамчун фарҳанги ягона дар минтақаи Мовароаннаҳр ва Хуросон, агарчӣ таъбири гӯйишҳо аз ҳам фарқ мекарданд, якҷоя амал мекарданд. Забони тоҷикӣ дар асл ҳамон забони форсӣ аст, ки аз забони арабӣ хеле зиёд мутаассир шуда ва аз он ба қадри тавон калимаву ибораҳоро касб карда, дар натиҷа як гӯйиши фораме баргирифта аз порсиву арабӣ шудааст.
Ба гуфтаи муаллиф, ин китоб бо ҳадафи анҷоми пули иртиботие байни фарҳангҳои арабиву тоҷикӣ рӯи чоп омадааст, то тавонад баъд аз қатъи робитаҳои чанд қарн ба барқарории онҳо кӯмак намояд ва ба ин манзур Бошгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-арабиеро низ таъсис додааст.
Назруллоҳи Назор, яке аз арбобони илму фарҳанг ва ходими давлатии Тоҷикистон аст, ки соли 1949 дар ноҳияи кӯҳистони Айнӣ таваллуд шуда, фориғуттаҳиси риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии (миллӣ) ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Миср аст.