Рубрики Хабарҳо

Амрико «балони ҷосусӣ”-и Чинро суқут дод. Пекин: ҳаққи вокуниш барои мо маҳфуз аст

Артиши Амрико рӯзи шанбе балони мутааллиқ ба Чинро, ки тайи рӯзҳои гузашта бар фарози манотиқи низомии ҳассос дар шимоли Иёлоти муттаҳида парвоз карда буд, соқит кард. 

Вашингтон аз ин балон ба унвони абзори “ҷосусӣ” ёд карда буд. Бино ба гузоришҳо Ҷо Байден, раисҷмуҳури Амрико, ки дастури сарнагунии ин балонро содир карда буд исрор дошт, ки ин амалиёт рӯзи чаҳоршанбе анҷом шавад. Бо ин ҳол Пентагон ба раисҷумҳури Амрико тавсия карда буд, ки беҳтарин замон барои сарнагунии он замоне аст, ки балон дар ҳоли парвоз бар фарози уқёнус ё дарё бошад. 

Амалиёт рӯзи шанбе дар наздикии соҳили Иёлоти Каролинойи ҷанубӣ дар шарқи Амрико сурат гирифт. Мақомоти низомии Иёлоти муттаҳида бар ин бовар буданд, ки сарнагунии ин балон бар рӯйи хушкӣ метавонад барои сокинони маҳаллӣ хатарнок бошад. 

Ҷо Байден дақоиқе пас аз сарнагунии балони мутааллиқ ба Чин, муваффақияти халабонони нерӯи ҳавоии артиши Амрикоро табрик гуфт. 

Чин дар вокуниш ба сарнагунии ин балон “нохурсандии шадид”-и худро аз тасмими давлати Амрико эълом кард. Пекин таъкид кард, ки ҳаққи вокуниш нишон додан ба соқити кардани ин балонро барои худ маҳфуз медонад. Чин тасмими Амрико барои соқит кардани ин балонро “вокунише беш аз ҳад” тавсиф кард. 

Парвози ин балон бар фарози хоки Амрико тайи чанд рӯзи гузашта равобити Вашингтон бо Пекинро таҳти таъсир қарор дода буд. Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа сафараш ба Чинро ба ҳамин далел ба таъхир андохт. 

Артиши Амрико амалиёти сарнагунии балони Чинро бо шиллики мушак аз як ҳавопаймои ҷангандаи “F-22” анҷом дод. Ллойд Остин, вазири дифоъи Иёлоти муттаҳида рӯзи шанбе бори дигар таъкид кард, ки Чин аз ин балон барои “ҷосусӣ” истифода мекард. Ба гуфтаи вай Пекин дар назар дошт то бо ин балон “марокизи роҳбурдӣ”-ро зери назар дошта бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *