Амрико ва Ҳинд душанбе эълом карданд, ки рӯйи нақшаи роҳи ҳамкорӣ дар саноъати низомӣ барои чанд соли оянда ба тавофуқ расиданд.
Ин тарҳ дар нишасти Луед Остин ва Роҷнат Сингх, вазирони дифоъи ду кишвар ниҳоӣ шуд.
Амрико бо тақвияти низомии Ҳинд дар садади мутавозин кардани қудрати Чин дар Осиё аст.
Ба назар мерасад ҳадаф аз наздикии Иёлоти муттаҳида бо Ҳинд дар арсаи санъати дифоъӣ, кам кардани вобастагии Ҳинд ба Чин ва ба вижа Русия аст, ки ба таври суннатӣ артиши Ҳиндро таҷҳиз мекарданд.
Ин нақшаи роҳ аз ин ҷиҳат муҳим пиндошта мешавад, ки Вашингтон контроли сахтгиронае бар фановарии низомии дохилии худ дорад ва ба сахтӣ онро бо соири кишварҳо дар миён мегузорад.
Дар баёнияи муштараки ду кишвар омадааст: “ин ҳамкорӣ тавлиди муштараки фановарӣ дар заминаҳое монанди системҳои мутаҳаррики ҷангии ҳавоӣ ва заминӣ, иттилоот, назорату иктишофӣ, муҳиммот ва ҳавзаи зери баҳриро сареътар думбол мекунад.”
Ҳинд ба унвони бузургтарин воридкунандаи таслиҳот дар ҷаҳон, барои тақрибан ниме аз таҷҳизоти низомии худ ба Русия вобастааст. Албатта дар ин авохир манобеъи худро бо хариди таслиҳот аз Иёлоти муттаҳида, Фаронса ва Исроил ва кишварҳои дигар ба таври афзояндае гуногун кардааст.
Луед Остин, вазири дифоъи Амрико, дар мавриди ин нақшаи роҳ гуфт, ки широкати дифоъии Иёлоти муттаҳида ва Ҳинд муҳим аст зеро, “мо бо ҷаҳоне ба суръат дар ҳоли тағйир рӯ ба рӯ ҳастем.”
Ӯ афзуд: “мо шоҳиди қулдорӣ ва зӯргӯӣ аз сӯи ҷумҳурии халқи Чин, таҷовузи Русия ба Укроин, ки ба думболи тақсими муҷаддади марзҳо бо зӯр ва таҳдиди ҳокимияти миллист ва ҳамчунин [шоҳид]-и чолишҳои фаромиллӣ монанди терроризм, тағйироти иқлимӣ ҳастем.”
Ҳамкории Иёлоти муттаҳида бо Ҳинд илова бар Чин ва Русия, бар нигарониҳои Покистон, ки рақиби суннатии Ҳинд ба шумор меравад, низ хоҳад афзуд.