Рубрики Хабарҳо

Укроин ду адад нодиртарин системи дифоъи ҳавоии Русияро нобуд кард

Барои аввалин бор ду сомона аз нодиртарин системи дифоъи ҳавоии “ТОР”-и Русия дар ду ҳамлаи ҷудогона тавассути артиши Укроин тарконда шуд. Киев мегӯяд маълумоти дақиқ дар бораи макони будубоши ин сомонаҳои русиро аз тариқи паҳпод ба даст оварда будааст. 

Дар паёми нерӯи баҳрии артиши Укроин омадааст: “ягонҳои тӯпхонаӣ ва ягонҳои фармондеҳии пиёданизоми баҳрии Укроин бо шиллик ба муҳоҷимон, як сомонаи мушакии зидди ҳавоии “ТОР” ва ду сарбози русиро нобуд карданд.” 

Сомонаи дифоъи ҳавоии “Arctic TOR-M2DT” дар ҳақиқат нусхаи бозтарроҳишудаи сомонаи “Тор” аст, ки сирфан барои амалиёт дар ҳавои бисёр сард ва зери сифр ба кор меравад. Ин нусха аз сомонаи “ТОР”, аввалин бор дар соли 2018 ба артиши Русия таҳвил дода шуд ва дар соли 2019 мавриди истифода қарор гирифт. 

Дар навори аввал, ки вазорати дифоъи Укроин рӯзи панҷшанбе мунташир кард, лаҳзаи ҳадаф гирифта шудани яке аз ин сомонаҳо ба тасвир кашида шудааст. Пас аз он билофосила чанд сарбози русӣ бо капсулҳои оташнишонӣ саъй мекунанд шӯълаҳои оташро хомӯш кунанд. 

Вазорати дифоъи Укроин дар таъйиди ин хабар навиштааст, замоне, ки Русия сомонаи падафанди ҳавоии “Arctic TOR-M2DT”-ро ба Укроин гусел мекард таблиғоти зиёде барои он кард ва он ба “ситораи телевизиони Русия табдил шуд” аммо ин сомона “дар шӯълаи оташ сӯхт ва капсули оташнишони ҳам чорасоз нашуд.” 

Дар пайи эъломи ин хабар, веб-сайти Ukraine Weapons Tracker рӯзи ҷумъа аз нобудсозии дувумин сомонаи “Arctic TOR-M2DT” хабар дод. Ин ду маврид нобудсозӣ, аввалин ҳамалоти сабтшудаи муваффақ ба ин сомонаи падафанди ҳавоии пешрафта аст. 

Ҳар ду сомонаи “Arctic TOR-M2DT” дар ноҳияи Херсон ва бо истифода аз гулӯлаҳои тӯпхонаи “Экскалибр” мунҳадим шудаанд, гулӯлҳҳое, ки бо GPS ҳидоят мешаванд ва ҷузъе аз бастаҳои дифоъии Амрико ба Укроин аст. 

Русия ҳамагӣ дувоздаҳ адад аз ин системи дифоъи дошт, ки акнун даҳ адад боқӣ монд.

Бар асоси додаҳои расонаи давлатии Русия — ТАСС, сомонаи ТОР қобилияти раҳгирии ҳамалоти мушакҳои болдор, бомбҳои паранда, ҷангандаҳо, чархбол ва паҳподҳоро дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *