Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон захоири тиллояшро 4 тон афзоиш дод

Соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон бо харидани 4 тонна тилло захираҳои тиллои кишварро афзоиш додааст. Соли гузашта Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) ҳаҷми умумии захираҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистонро то аввали семоҳаи дуюми соли 2022 17,19 тонна гузориш дода буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хариди тилло аз ҷониби Бонки миллӣ дар нимаи дувуми соли гузашта маълум нест ва дақиқ кардани ҳаҷми захоири тиллои кишвар ғайриимкон аст. Аммо тибқи ин додаҳо, он бештар аз 21 тонна мебошад. Мақомоти Тоҷикистон ҳаҷми захираҳоро пинҳон медоранд. 

Шӯрои ҷаҳонии тилло дар гузориши наваш гуфтааст бонкҳои марказии кишвраҳои ҷаҳон дар соли 2022 1 ҳазору 136 тонна тилло хариданд, ки баландтарин нишондиҳандаи аз соли 1967 мебошад.

Сабабҳои асосии афзоиши рекордии талабот ба тиллоро дар соли гузашта муаллифони гузориш “номуайянии геополитикӣ ва таварруми баланд” номидаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки харидорони нисбатан фаъоли тилло дар соли 2022 кишгварҳои Шарқи Наздик будаанд: Миср (47 тонна), Қатар (35 тонна), Ироқ (34 тонна), Амороти Муттаҳидаи Араб (25 тонна) ва Уммон (2 тонна). Ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ низ талаботи зиёд ба тилло ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, Бонки марказии Ӯзбекистон дар ин давра 34 тонна, Қирғизистон — 6 тонна ва Тоҷикистон — 4 тонна тилло харидаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *