Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум сарҳадҳояшро бастааст (акс ва навор)

Дар сарҳади  шимоли Тоҷикистону вилояти Ботканди Қирғизистон, дар гузаргоҳи Мақсад-Кулунду сарҳадбонони Тоҷикистон роҳро бидуни ҳеҷ огоҳӣ ва мувофақаи пешакӣ бастаанд.

Дар ин бора аз рӯи нақли сокинони Кулунду хабаргузории иттилоъ додааст.

Бино ба манбаъ афсарони қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти Тоҷикистон имрӯз, 8 феврал ба гузари пули Мақсад — Кулунду омада, гузар ба воситаи пулро манъ мекунанд.

 

Баъди он ки кормандони Хадамоти сарҳадии Қирғизистон омада, байнашон гуфтушунид суръат мегирад ва сарҳадбонони Тоҷикистон онҷоро тарк мекунанд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Хадамоти сарҳадии ҷумҳурии Қирғизистон ин амал аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон бидуни ҳеҷ огоҳие саросемавор ва бо тасмими яктарафа ба амал омадааст ва онҳо муваққатан бемувофиқаи ҷонибҳо худсарона сарҳадро бастаанд.

 

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз сарҳадбонони Тоҷикистон гузари сарҳадии пули деҳаи Сой, ноҳияи Лайлаки вилояти Боткандро низ бастаанд.

“Аз чӣ бошад, ки дар назди сарҳад теъдоди сарҳадбонони Тоҷикистон афзудааст. Тавре менамояд, ки онҳо дар як ҳолати омодабош қарор доранд”. — гуфта шудааст дар гузориши хабар.

Айни ҳол гуфтушуниди намояндагони сарҳадбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад. Гуфта мешавад, мақсад аз ин гуфтушунид ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад будааст.

 

 

Бояд қайд намуд, ки бино ба хабарҳои дарёфтӣ вазъ дар Тоҷикистон амниятӣ шудааст.

Рӯзи ҳафтум аст, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хабаре нест. Сойти расмии ӯ низ дар ин муддат ҳеҷ хабаре аз фаъолият ва сафарҳои ӯ нашр накардааст.

Расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Ховар” ва сойти расмии раисҷумҳур, ки ҳар рӯз ҳатман хабаре аз Эмомалӣ Раҳмон нашр мекарданд, баъди 1-уми феврал ҳеҷ хабаре аз раисҷумҳур нашр накардаанд. Телевизиони давлатӣ ҳам агар наворе аз Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, навори кӯҳна аст.

Охирин хабар аз Раисҷумҳур дар расонаҳои давлатӣ мулоқоташ бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбей Жээнбеков аст, ки 1-уми феврал баргузор гардидааст.

Дар аксҳое, ки расонаҳо аз он вохӯрӣ ва ду вохӯрии қаблии ӯ нашр кардаанд, дида мешавад, ки чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон варамида аст.

Гузашта аз ин, дирӯз парлумони кишвар оҷилан ва бидуни сарусадо ба қонун дар бораи интихобот тағйирот ворид кард. Тибқи он синни номзадӣ ба раёсатҷумҳурӣ то 30 солагӣ поён бурда шудааст. Ин тағйирот дар “раъйпурсӣ” барои тағйирот ба Сарқонуни Тоҷикистон қабул гардида буданд, вале то ҳанӯз дар қонунгузорӣ расман тағйирот ворид карда нашуда буд.

Қаблан ҳам раисҷумҳури Тоҷикистон барои як ҳафта ғайб зада, сарусадоҳоеро дар ҷомеъа ва расонаҳо ба вуҷуд оварда буд. Сар аз 28-уми сентябр то 3-юми октябр аз Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ хабаре набуд ва овозаҳо дар бораи сактаи мағзӣ гирифтан ва ҳатто марги ӯ байни мардум чарх мезаданд.

Баъдан ӯ 3-юми октябр дар  маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Аксҳои баъди як рӯз нашр шудаи ӯ аз ин маросим нишон медоданд, ки вазъи саломатии раисҷумҳур хуб нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *