Рубрики Хабарҳо

Шумори камбизоатон аз кадом ҳисоб кам шуд ва кӯмакпулии ваъдагии Раҳмон ба кисаи кӣ рафт?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ иддаъо кард шумори умумии хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ҳамагӣ  224 ҳазору 500 аст. Аммо нагуфт ба ин «дастовард» чи гуна ноил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2021 ҳудуди 14 ҳазору 400 адад кам шудааст. Зоҳиран ин камшавӣ на ба беҳтар шудани вазъи иқтисодии хонаводаҳо, балки ба ҳиҷрати саросарии онҳо аз Тоҷикистон батсагӣ дорад. Тибқи иттилоъи мақомоти рус, соли гузашта 173 000 тоҷикистонӣ шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардаанд, ки тақрибан ба 30 000 хонаводаи миёнаи тоҷик баробар аст.

Вазорат иддао дорад соли гузашта расондани кумак афзоиш ёфтааст ва гуфт тайи ин муддат наздики 207 ҳазор хонавода бори аввал ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пайдо кардааст. Бале танҳо ҳуқуқашро пайдо карда, чун бо вуҷуди дастури раисҷумҳур мабнӣ ба расонидани кӯмакҳо то соли нав, ҳанӯз ин кор анҷом нашудааст.

Инро зимнан Вазорати тандурустӣ ва  «Амонатбонк» тасдиқ карданд ва дар ҳисоботашон гуфтанд, ки «механизми расондани кумакпулиҳо дар​ тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро» роҳандозӣ карданд. Вале ҳеҷ кадом аз ниҳоди кишвар то ҳол нагуфтааст ба чи миқдор хонаводаҳо расидаанд ва ҳеҷ маълумоте дар бораи кадом хонаводае, ки ин кӯмакпулиҳоро дастрас карда бошад, нест.

Гуфтанист, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон дар моҳи декабри соли 2022 бо ифтихор лоф зада буд, ки бори аввал дар таърихи кишвар ҳукумат ба ҳамаи хонаводаҳои камбизоат кӯмаки якдафъаина мерасонад ва таъкид ҳам кара буд, ки кӯмакпулиҳо бояд ба ниёзмандон то охири сол расонида шавад.

Ӯ дар ҳоле, ки ба мавҷи кафкӯбиҳои парлумон ба ин «саховаташ» бо такаббур сар меҷунбонд, эълон карда то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ ($28 млн) равона мегардад, аммо нагуфт аз кадом ҳисоб. Бо гумони ғолиб ин пул аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстонаи хориҷӣ дода мешавад, чун на аз буҷа ва на аз ҳеҷ манбаъ дохилӣ, аз ҷумла Фонди раисҷумҳур, ки 2 дарсади буҷа ба он равона мешавад, чунин маблағ ҷудо нашудааст.

Аниқтараш ин пул аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстонаи хориҷӣ бояд дода мешуд, аммо то ҳол дода нашудааст ва дар гумон, ки ба истиснои қисми бисёр ками он, ба соҳибонаш расад. Дар Тоҷикистон 30 сол аст, ки кӯмакҳои башардӯстона аз тарафи масъулин, сар аз хонаводаи худи Эмомалӣ Раҳмон то охирин мансабдор, мисли раиси ҷамоъат ва ҳатто маҳалла ғорат крада мешавад ва ба камбизотаон ҳатто 5 дарсади он намерасад.

Амру супоришҳои раисҷумҳур ҳам. ки дар маҷолис бо ифтихору такаббур садо медиҳанд, аз ҳамон толор намеравад ва мардум ҳам танҳо садо додани онро мебинаду иҷро шуданашро на.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *