“Узбекистон темир йӯллари” , ширкати роҳи оҳани Узбекистон ва Афғонистон фаъолияти худ дар қитъаи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шарифро ҳади ақал ду соли идома хоҳад дод. Ду кишвар дар ин маврид созишномаи нав ба имзо расониданд.
Тибқи иттилоъи расонаҳои узбекситонӣ бо истинод ба ширкати давлатии “Ӯзбекистон темир йӯллари” намояндагони Идораи роҳи оҳани Афғонистон бо ширкати фаръии “Ӯзбекистон темир йӯллари” — “Суғдиён Транс” 12 феврал дар шаҳри Тирмиз созишномаи ҳамкории дусола имзо кардаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расидаанд, ки барқарорсозии муштараки интиқоли мол ба истгоҳи Мазори Шариф ва омода кардани мутахассисони Идораи роҳи оҳани Афғонистонро суръат бахшанд.
Ин роҳи оҳани 75-километрӣ маркази тиҷории шимоли Афғонистонро бо марзи Узбекистон мепайвандад. Роҳи мазкурро “Ӯзбекистон темир йӯллари” соли 2010 асосан бо пули Бонки осиёии рушд бунёд кард ва барои нигоҳдории он ширкати фаръии “Суғдиён Транс”-ро таъсис дод.
Дар ҳамин ҳол, Абдурашид Дӯстум, маршали узбектабор ва раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон, ки дар хориҷ ба сар мебарад, билофосила аз имзои ин қарордод интиқод кард ва онро бефоида хонд.
Интиқоди Дӯстум дар ҳамоиши баргузоршуда дар Ландан, ки ба хотири бузургдошти Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки моҳи декабр дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон кушта шуд, садо дод. Ӯ ҳамчунин аз Тоҷикистону Узбекистон хост чархболҳои ҳукумати пешинро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор диҳанд, то онҳо аз сӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон истифода шаванд.