10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Додситони ВМКБ барканор шудааст

Додситони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Парвиз Орифзода аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора қаблан Pamir Daily News хабар дода буд ва ҳоло Радиои Озодӣ низ бо истинод ба ду манбаъаш онро тасдиқ кардааст.   

Ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар дар ин бора то ҳол ҳеҷ иттилоъе надодаанд.

Гуфта мешавад алайҳи Орифзода таҳқиқоти ҷиноӣ роҳандозӣ шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи радио, вақтҳои охир Парвиз Орифзода «зиёд менӯшид» ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст.

«Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур фиристода шудааст», — гуфтааст яке аз манобеъ.

Ин ҳолатро расман на ВКД ва на додситонӣ шарҳ надодаанд. Гуфта мешавад Парвиз Орифзода расман рӯзи 9-уми феврал барканор шудааст.

Парвиз Орифзода панҷ сол пеш Додситони ВМКБ таъин шуда буд. Номи ӯ бештар ба изҳоротҳои расмиаш дар телевизиони Бадахшон дар робита ба ҳодисаҳои соли гузашта расонаӣ шуда буд.

Ӯ дар чанд изҳороти видеоӣ аз тариқи «ТВ Бадахшон» эътирозгаронро дар шаҳри Хоруғ ва Рушон ба даст доштан дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам карда буд.

Моҳи ноябри соли 2021 ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ки дар таҳқир кардани як корманди додситонӣ гумонбар мешуд, кушта шуд.

Марги ӯ хашми сокинонро ба бор овард ва охири моҳи ноябр чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Моҳи майи соли 2022 сокинон дар Хоруғ ва Рушон бо талаби дубора баррасӣ кардани ин парванда эътироз карданд, вале саркуб шуданд. Даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд. Мақомот гуфтанд, «гурӯҳҳои ҷиноиро безарар карданд», вале фаъолони ҷомеа мегӯянд, сокинони одии норозӣ кушта шудаанд.

Парвиз Орифзода ҳамчун додситони ВМКБ дар саргаҳи таҳқиқи ин парвандаҳо қарор дошт.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *