Рубрики Хабарҳо

Раҳимзода гуфт дар паи марги Абдуқаҳҳор Розиқов се корманди ВКД боздошт шудааст

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт дар паи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб 3 корманди милиса барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”. Абдуқаҳҳор Розиқов аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуд ва ба таври мармуз фавтид. Дар тани ӯ асари шиканҷа мушоҳида шуда буд.

Вазир ҳамчунингуфт дар робита ба ин ҳодиса, чанд корманди мақомоти корҳои дохила аз кор озод шудаанд, аммо аз касе ном нагирифт.

Рамазон Раҳимзода гуфт, ки муовини аввали вазир ба ҷойи ҳодиса сафар карда, бо вазъ шинос шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт шудан аз сӯйи маъмурони милиса, дар шароити мармуз ҷон бохт. Дар пайи ин ҳодиса, даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб карданд.

Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузаштааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар изҳороте гуфт, ӯ бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт. Додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз тафтиш сабаби марги ӯро маълум накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *