Рубрики Хабарҳо

Бори аввал дар таърих: “Пешво” ба наздикони раияти кушташудааш изҳори ҳамдардӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва “пешво”-и худхонда бори аввал дар аз замони расиданаш ба қудрат дар 30 соли пеш ба наздикони раияти кушташуда ва осебдидааш изҳори ҳамдардӣ кард. Ба аввалин “ҳамдардӣ”-и билофосилаи Эмомалӣ Раҳмон наздикони онҳое, ки дар тармафароии имрӯзи Хоруғ ҷони худро аз даст доданд, “мушарраф” шудаанд.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар додааст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон “дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият” кардааст.

Дар 30 соли ҳукуматаш бар Тоҷикистон “пешво”-и худхонда боре ҳам билофосила баъди вуқӯъи кадом фоҷеъае ба мардумаш изҳори ҳамдардӣ накарда буд. Ҳолатҳои бисёр ками изҳори ҳамдардии ӯ, ки мешавад бо ангуштони як даст ҳисоб кард, ба қайд гирифта шудаанд, вале ҳар кадоми онҳо баъди як ҳафта то як моҳи фоҷеъа садо додаанд. Барои мисол, ба кушташудагони низоъи сарҳадӣ бо Қирғизистон дар миёнаи сентябр, ки дар он беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистон, яъне раияти “пешво”-и худхонда кушта шуда буданд, бо гузашти 5 моҳ ҳанӯз изҳори таслият накардааст.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон яке аз фаъолтарин раисҷумҳурҳои ҷаҳон дар изҳори тасаллият ба кишварҳои дигар аст. Дар ҳар офату садамае, ки дар кадом нуқтаи ҷаҳон рух медиҳад, ӯ яке аз аввалинҳо шуда ба раҳбарият ва мардуми он кишвар барқияи таслият мефиристад.

Бори аввал аст, ки дар 30 соли ҳукмрониаш раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи вуқӯъи садама ба раияти офатдидааш изҳори ҳамдардӣ мекунад. 

Дафтари матбуотии раисҷумҳур ҳамчунин менависад “бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд”.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ, “дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд”.

Дафтари матбуотиаш таъкид кардааст, ки “рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”.

Гуфтанист, бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ, субҳи имрӯз, 15 феврал, ҳади ақал даҳ нафар ҷони худро аз даст дода ва чандин нафари дигар нопадид шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *