10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вазири дохила: Абдуллоҳи Шамсиддин аз тарафи ВКД дастгир нашудааст (Навор)

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш имрӯз, 15 феврал гуфт, ки аз тақдири Абдуллоҳи Шамсиддин, муҳоҷири истирдодшудаи тоҷик аз Олмон, ҳеҷ хабаре надорад.

Ба суоли хабарнигорон дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин гуфт “мо аз ин масъала тавассути васоити ахбори омма огоҳ ҳастем, лекин дар мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шудагӣ нест… барои ҳамин ягон маълумот дода наметавонам”. 

Гуфтанист, муҳоҷири тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидов рӯзи 18 январ аз тарафи пулиси Олмон, ки ӯро ба камбуди ҳуҷҷатҳои будубош айбдор мекард, ба Тоҷикистон истирдод шуд. То ҳол ҳеҷ хабари расмие дар бораи макони нигаҳдории ӯ нашр нашудааст.

Посухи вазири дохила низ аввалин изҳориназари расмии як мақоми давлатии Тоҷикистон дар ин бора буд. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *