Шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Туркия як пахши зиндаи муштарак бо унвони “яксадо барои Туркия” барои ҷамъоварии кумакҳои молӣ барои шаҳрвандони зилзилазада анҷом доданд ва дар як соати пахши ин барнома маблағи 101 миллиарду 101 миллион лир ҷамъоварӣ шуд.
Шабакаҳои телевизионии TRT-1, ANV, FOX, Kanal D, Kanal 7, Show TV, Star TV ва TV-8-и Туркия, як пахши зиндаи муштарак бо унвони “яксадо барои Туркия” барои ҷамъовари кумакҳои молӣ барои шаҳрвандони зилзилазада анҷом доданд ва ин барнома ва пахши зинда аз 213 шабакаи телевизионии дохилӣ ва байналмилалӣ ва 562 шабакаи радиоӣ пахш шуд.
Чеҳраҳои маъруфи телевизионӣ ва расонаии Туркия дар ин барномаи муштарак ҳузур доштанд.
Чеҳраҳои саршиноси синамо, телевизион ва ҳунар дар ҷараёни пахши зиндаи муштарак ба тамосҳои дарёфтӣ барои дарёфти кумакҳои молӣ посух доданд.
Бурак Озчивит аз бозигарони матраҳи Туркия дар ин барнома бо баёни ин ки тамосҳои зиёде барои кумак дарёфт кардааст, гуфт: умедворам битавонем ин шабро ба хубӣ пушти сар бигузорем. Шаб ваҳдати миллати мо аст.
Аз оғози раванди кампини ҷамъоварии кумак ба зилзилаздагони манотиқи ҷанубу шарқи Туркия бо шиори “як садо барои Туркия” тайи як соату 30 дақиқа маблағи 101 миллиарду 101 миллион ба ин кампин эҳдод шуд. Теъдоди паёмакҳои ирсолии мардум низ дар бозаи замони мазкур аз марзи 3.2 миллион маврид убур кард.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар як тамоси телефонӣ бо барномаи телевизионӣ муҷрии кампини “яксадо барои Туркия” кишвар, ки бо мушорикати ҷумҳурии турк Қибриси шимолӣ ва Озарбойҷон роҳандозӣ шуда ва аз тариқи 213 шабакаи телевизионии дохилӣ ва фаромарзӣ ба сурати муштарак ва ҳамзамон пахш мешуд, ширкат кард.
Камол Қиличдоруғлу, раҳбари ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия низ бо барномаи телевизионии муҷрии кампини “як садо барои Туркия”-и кишвар тамоси телефонӣ барқарор кард.
Бисёре аз бозаргонон, ҳунармандон, сиёсатмадорон, намояндагони созмонҳои ғайри давлатӣ ва бурукротҳо аз саросари кишвар дар кампини “як садо барои Туркия” ширкат карданд.
Бонки Марказии Туркия бо 30 миллиард лир, бонки Зироат бо 20 миллиард лир, Вақфи бонкӣ бо 12 миллиард лир, Халқ бонк бо 7 миллиард лир, Оператор Турксел бо 3.5 миллиард лир, Чангиз Ҳелдинг бо 2.5 миллиард лир, Турк Талком٬ Сандуқи бимаи супурдаҳои пасандоз, гурӯҳи бурси Истамбул ва ширкати Туркия Бима ҳар кадом бо 2 миллиард лир бештарин кумаки молиро ба ин кампин анҷом доданд.