Рубрики Хабарҳо

Фаъолияти як созмони ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд

Фаъолияти созмони маъруфи  “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки аз ҳуқуқшиносон ва гурӯҳи адвокатҳои варзида иборат буд ва дар парвандаҳои пурсарусадо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ройгон ҳимоя мекард, бо пешниҳоди Вазорати адлияи Тоҷикистон қатъ шудааст.

Ба иттилои Вазорати адлия, фаъолияти ин созмон ҳафтае пеш бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қатъ гардидааст.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврал ҳангоми як нишасти хабарӣ дар ин бора маълумот дода гуфт, “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” барои “саривақт пешниҳод накардани огоҳиномаи молиявӣ ва дигар қонуншиканиҳо манъ шудааст.”

Радои Озодӣ навишт, ки ба ин расона Шоира Давлатова, раҳбари иҷроияи созмони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, гуфтааст, “айни ҳол расмиёти барҳамдиҳӣ рафта истодааст, бино бар ин ягон шарҳ дода наметавонанд”. Ӯ таъкид намуд, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 26-уми январ содир шудааст ва ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ба қавли ӯ, “пас аз гирифтани ҳалномаи суд тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки дар муддати як моҳ шикоят баранд.”

Ахиран Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, аз ҳимояи хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки маҳкум ба зиндон шудааст, даст кашид.

“Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” соли 2010 таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабти ном шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *