Рубрики Хабарҳо

Нахустин кишвар дар Аврупо: “рухсатии қоидагӣ” барои занон дар Испониё

Намояндагони Испания рӯзи панҷшанбе 16 феврал қонуни “рухсатии қоидагӣ”-ро барои заноне, ки аз давраҳои дардноки моҳиёна ранҷ мебаранд, ба тасвиб расонид. 

Иқдоме, ки ба гуфтаи давлати чапгарои Испания барои шикастани ин тобу дар Аврупо бесобиқа будааст. 

Ирон Монтеро вазири баробарии Испания ва узви ташкилоти ифротии ин кишвар таҳти унвони “Подемос” дар твитте тасвиби ин қонунро ба унвони “як рӯзи таърихӣ барои пешрафти феминизм” донист. 

Матн ин қонун бо 185 раъйи мувофиқ, 154 раъйи мухолиф ва 3 раъйи бетараф ба тасвиб расид. Бо тасвиби ин қонун, Испания ба унвони аввалин кишвар дар Аврупо ва яке аз камтарин кишварҳое дар ҷаҳон шуд, ки ин мавзӯъро дар қавонини худ гунҷондааст. Ҷопон, Индонезия ва Замбия низ ба ин мавзӯъ дар қавонини худ пардохтаанд. 

Бо ин қонун “таваққуфи кори зан дар сурати доштани қоидагии нотавонкунанда”, ки ба унвони мисол бо “осебҳои монанди эндометриоз” муртабит бошад ба унвони “вазъияти хоси нотавонии муваққат” барои анҷоми кор шинохта мешавад. 

Дар ин қонун омадааст, ки “ин қонун хоҳони додани муқаррароти муносиб бо ин вазъияти осебшинохтӣ дар ростои ҳазфи ҳар гуна баҳрагирии манфӣ” барои занон “дар дунёи кор” аст. 

Дар ин қонун ба ҷузъиёти бештар дар мавриди муддати рухсатӣ, ки мебоист тавассути пизишк дода шавад ва ҳамчунин чигунагии таъмини молии он тавассути таъмини иҷтимоӣ ишорае нашудааст. 

Нигарониҳои аҳзоби чапу  рост аз тасвиби ин қонун 

Бо ин ҳол, қонуни “рухсатии қоидагӣ” боиси бемайлӣ дар ҷиноҳи сотсиалисти давлат шуда ва интиқодотеро аз ҷониби иттиҳодияи коргарони Испания (UGT) барангехтааст. 

Нигаронии иттиҳодияҳои коргарии сотсиалист аз он ҷо бармехезад, ки тасвиби ин қонунро тормози эҳтимолӣ дар истихдоми занон тавассути корфармоён медонанд, ки пештар хоҳони ҷилавгирӣ аз рухсатиҳое монданди ин буданд. 

Дар ҳамин росто ҳизби рост мавсум ба ҳизби мардумӣ (PP) низ нисбат ба хатари “ба ҳошия ронда шудани занон” ва “паёмадҳои манфии он бар бозори кори занон” ҳушдор дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *