Писари Нуриддин Саид барои дуздию қаллобӣ дар соҳаи маориф бозпурсӣ шуд
Шоҳин Саидзода, раҳбари пешинаи Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бозпурсӣ шудааст.
Дар ин бора Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Дар гузашта бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки Шоҳин Саидзода ба рабудани маблағҳо ва сӯиистифода аз мақом гумонбар мешавад.
Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рузи 17-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “нисбати сармуҳосиб ва ду нафар мутахассиси пешбари хазинадор низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Маблағ дар ҳаҷми 1 миллиону 830 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ барқарор карда шуд ва парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ ирсол гардид. Собиқ роҳбар, яъне Шоҳин Саидзода дар доираи парвандаи ҷиноятӣ ба сифати шоҳид мавриди пурсиш қарор гирифт”.
Ба гуфтаи бунгоҳи зидди коррупсия худи вай дар ҷиноятҳои ниҳоди худ даст надоштааст. Дар Тоҷикистон агар қаллобие ҳам ошкор шуд, ҷазоро танҳо афроди зинаҳои савуму чаҳорум мегиранд. Афроди сатҳи аввал ҳатто гоҳе баъди боздошт бегуноҳ эълон ва озод мешаванд. Коршиносон мегӯянд доштани наздикони таъсиргузор ва пардохти ришваҳои ҳангуфт барои озодии онҳо кӯмак мекунд.
Шоҳин Саидзодаро як сол пеш аз мансаб барканор кардаанд. Сабаби барканории ӯро “гузаштан ба кори дигар” гуфта, вале дар бораи мансаби наваш хабаре надоданд. Ӯ ду сол мудири Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент буд.
Шоҳин Саидзодаи 39-сола, писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва вазири пешини маориф, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро гирифтааст.
Исми Саидзода, соли 2018 дар робита ба қазияи асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Пойгоҳи «Диссернет» дар Русия ӯро ба асардуздӣ муттаҳам карда буд.