Рубрики Хабарҳо

Соли гузашта Бонки миллӣ $1,35 млрд қарз додааст

Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми қарзҳое хабар дод, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дода шудааст. Тибқи додаҳои Бонки миллӣ, ҳаҷми умумии қарзҳои соли гузашта додашуда 14,4 миллиард сомониро ($1,35 млрд) ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2021 700 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Аз ҳаҷмии умумии қарзҳои додашуда 39,0 фоиз ба бахшҳои истеъмолӣ, 16,9 фоиз- соҳаи кишоварзӣ (мутаносибан беш аз 10-фоизӣ), 3,7 фоиз- сохтмон, 1,7 фоиз- нақлиёт ва 4,2 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 36,6 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ марбут буда, 5,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 61,0 фоиз ё 8,8 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон дода шудааст.

Қарзҳои хурди додашуда 10,5 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Фоизи миёнавазни қарзҳо дар соли сипаригардида бо пули миллӣ 23,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 бо пули миллӣ 0,6 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ кам аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *