Рубрики Хабарҳо

Рамазон Қодиров бо таъсиси ширкати низомии хусусӣ бо Пригожин рақобат карданист

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфт, ки мехоҳад бо Югний Пригожин, бунёдгузори гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер “рақобат” кунад ва ширкати низомии хусусии худро бисозад. 

Қодиров дар як пости телеграмӣ, аз Пригожин ситоиш кард ва навишт, ки ӯ дар канори нерӯҳои русӣ дар Укроин ҷангида ва ба “натиҷаҳои чашмрасе” ноил шудааст. 

Қодиров дар телеграм дар канори аксе, ки дар он бо Пригожин даст медиҳад, навишт: “ман наметавонм аз муваффақияти ширкати низомии хусусии Вагнер дар амалиёти низомии вижа хушҳолӣ накунам.” 

Қодиров гуфт: “ба назар мерасад ин ширкати низомии хусусӣ тавонистааст ба натиҷаҳои бисёр чашмграсе ноил шавад.” Ӯ идома дод: “вақте хидмати ман ба кишвар тамом шуд, ба таври ҷиддӣ қасд дорам бо бародари азизам Югний Пригожин рақобат кунам ва як ширкати низомии хусусӣ эҷод кунам. Ман фикр мекунам ҳама чиз ба хубӣ пеш хоҳад рафт.” 

Қадиров дар мавриди барномаҳои худ тавзеҳи бештаре надод ва нагуфт, ки чигуна ин артишро эҷод хоҳад кард. 

Воҳидҳои чеченӣ ба раҳбарии Қодиров дар канори нерӯҳои русӣ дар Укроин ҷангидаанд. Дар бештари мавридҳо, онҳо мустақил аз фармондеҳии низомии Русия амал мекунанд. 

Онҳо монанди гурӯҳи Вагнер, нақши муҳимме дар ҷанги Укроин ифо кардаанд ва ахиран дар чанд ҳамлаи чандмоҳа ба шаҳри шарқии Баҳмут дар минтақаи Донетски Укроин кумак кардаанд. 

Пригожин, ки то ҳадде ба далели қарордодҳои кейтеринг ба “ошпази Путин” маъруф аст соли гузашта таъйид кард, ки ин гурӯҳро ҳашт сол пеш таъсис кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки ӯ қаблан ҳар гуна иртибот бо онҳоро инкор карда буд. 

Нерӯҳои Вагнер бо ҷиноёти ҷангии мутааддиде муртабит будаанд. Авоили ин моҳ, гузоришҳое мунташир шуд, ки гурӯҳи Вагнер ба хидмат гирифтани зиндониёнро мутаваққиф кардааст. Сабаби он агар аз як тараф камтар шудани шумори зиндониёни хоҳишманди ширкат дар ҷанг бошад, аз тарафи дигар рақобати “Вагнер” бо низомиёни расмии рус гуфта мешавад. 

Як гузориши иттилооти низомии Укроин, ки дар моҳи декабр мунташир шуд нишон медод, ки ҷангандаҳои гурӯҳи Вагнер, ки асосан аз зиндониён истифода мебарад ба “пиёданизоми якбор масраф” дар Укроин табдил шудаанд. 

Агарчӣ Қодиров ва Пригожин ҳар ду муттаҳиди Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия ҳастанд, аммо онҳо қаблан алайҳи раҳбарии низомии Русия дар Укроин сухан гуфтаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *