Рубрики Хабарҳо

“Иқтисоди Русия камтар аз интизор кӯчак шудааст”

Бар асоси таҳлилҳои мунташиршуда, иқтисоди Русия дар соли гузашта ва бо вуҷуди ҳамлаи ин кишвар ба Укроин, камтар аз он чи интизор мерафт кӯчак шудааст. 

Бар асоси иттилооти мунташиршуда аз сӯи Созмони омори Русия иқтисоди ин кишвар дар соли гузашта 2.1% кӯчак шудааст аммо қабл аз ин пешбинӣ шуда буд, ки иқтисоди ин кишвар наздик ба 12% заъифтар хоҳад шуд. 

Агарчӣ бархе аз коршиносон нисбат ба дурустии додаҳои эъломшуда аз сӯи Созмони омори Русия бо шубҳа менигаранд, бисёре аз таҳлилгарон аз инъитофпазирии (гибкост) иқтисоди Русия шигифтзада шудаанд. 

Қимати болоии нафт ва низ будҷаи мошини ҷангии Русия иқтисоди ин кишварро ҳимоят кардааст. 

Дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Укроин дар моҳи гузашта, садҳо ширкати ғарбӣ аз Русия хориҷ шуданд. Шоки ношӣ аз ин таҳаввул бозори бурси Русияро муваққатан таътил кард ва боиси суқути рубл шуд. 

Муассисаи бозаргонии байналмилалӣ пешбинӣ карда буд, ки иқтисоди Русия дар пайи ин таҳаввулот то моҳи марти 2022 ба мизони 15% кӯчак хоҳад шуд. Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико низ гуфта буд паёмадҳои иқтисодии ҷанг ва муҷозотҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Русия иқтисоди ин кишварро ба нисфи мизони феълӣ коҳиш хоҳад дод. 

Бо вуҷуди ин, Русия содироти энержии худро дар бахши бузурге аз соли 2022 идома додааст.

Маҳдудияти содироти энержӣ, ки аз сӯи Ғарб алайҳи Русия вазъ шуда буд ба шакли тадриҷӣ ҷорӣ шуда ва агарчи воридот аз Русия ба Аврупо ба шиддат коҳиш дошта, таоабот барои маҳсулоти энержии Русия аз Чин, Ҳинд ва нуқоти дигар идома доштааст. 

Афзоиши қимати ҷаҳонии нафт, газу маҳсулоти петрушимӣ аз ҷумла хӯрокӣ ва нуриҳои минералӣ ба даромадҳои содиротии Русия афзудааст. 

Баъд аз он ки ширкатҳои ғарбӣ дар вокуниш ба ҷанг бо Укроин, Русияро тарк карданд, бархе корофаринони рус ҷойи холии онҳоро пур карданд. 

Ба гузориши Созмони омори федерали Русия, агарчи бахши тавлид ва фурӯш дар бахшҳое бо коҳиши хадамот ва фаъолият рӯ ба рӯ будаанд, кишоварзӣ ва сохтмонсозӣ рушд доштааст. 

Тавлиди васоили мавриди ниёзи сарбозон дар ҷанг низ корхонаҳои ин кишварро машғул нигоҳ дошта ва иқтисод бо тавлиди аслиҳа ба ҷойи худрав 4.1% рушд доштааст. 

Таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия низ чандон сахт набудаанд. Алорағми талошҳои Ғарб барои қатъи дастрасии Русия ба низоми молии Ғарб, бозаргонони Русия тавонистаанд бо идомаи табодули молӣ бо кишварҳое, ки Маскавро таҳрим накардаанд ба идомаи ҷараёни пул ба дохили кишвар ва низ хурӯҷи он аз Русия кумак кунанд. 

Ин ба маънои бетаъсир будани таҳримҳо нест. Бархе аз паёмадҳои ин таҳримҳо барои муддатҳо идома хоҳанд дошт. 

Мушкилот дар воридоти колоҳои бахши фанноварӣ мисли микрочип боиси ақиб мондани бахши тавлид хоҳад шуд. 

Мутахассисон интизор доранд, ки мизони тавлид аз майдонҳои газӣ ва нафтӣ бидуни сармоягузории бештар коҳиш пайдо кунад 

Давлати Русия пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди ин кишвар ҳашт даҳум дарсад кӯчак хоҳад шуд аммо сандуқи байналмилалии пул гуфтааст иқтисоди Русия, умуман ба далели қудрати содироти он, 0.3% рушд хоҳад дошт.

ВВС

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *