Фрэнк Ҳогербитс, донишманди нидерландӣ, ки ҳудуди ду ҳафта пеш баҳсҳои зиёдеро дар бораи заминларзаҳо ва иртиботи он бо ҳаракати сайёраҳо ва тағйироте, ки дар фазо рух медиҳад, ба роҳ андохт ва заминларзаи бузурги ахир дар Туркияро пешбинӣ карда буд, рӯзи душанбе 20 феврал бори дигар дар ҳоле, ки миллионҳо нафар твиттиҳои ӯро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунанд, изҳори назари шигифтангези дигаре баён кард.
Ӯ дар тозатарин твитти худ бо ишора ба Истамбул, аз эҳтимоли вуқӯъи як “зилзилаи бузург” дар ин шаҳр сӯҳбат кардааст.
Донишманди нидерландӣ дар посух ба саволи яке аз корбарони Твиттер дар бораи ин ки интизор меравад зилзилаи наве Истамбул, бузургтарин шаҳри Туркияро биларзонад, посух дод: “таъйини замони зилзила бисёр сахт аст, аммо умедворам битавонем қодир ба таъйини замони зилзила қабл аз вуқӯъи он бошем”.
Зилзилаи бузург
Ҳогербитс дар твитти дигаре навишт: “агар мавқеияти сайёраҳо ба андозаи қабл аз зилзилаи “Измит” дар соли 1999 возеҳ бошад, эҳтимоли зилзилаи бузургевуҷуд хоҳад дошт”.
Дар ҳамин ҳол Акрам Имомуғлу, шаҳрдори Истамбул, чанд рӯз пеш тайи дархости фаврӣ ба сокинони ин шаҳр нисбат ба сохтимонҳои ғайримаҳкам ҳушдор дод.
Акрам Имомғлу дар твитте дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи Твиттер навишт: “хитобам ба сокинони Истамбул аст, иҷоза диҳед масъалаи сохтмонҳои хатарнокро баррасӣ кунем”.
Ӯ хотирнишон кард, то кунун танҳо 29 ҳазор молик аз 107 ҳазор сохтмоне, ки қабл аз соли 1999 сохта шудаанд, бо баррасӣ ва тафтиши сохтмонҳо мувофиқат кардаанд.
Иқдомоти шаҳрдори Истамбул пас аз он сурат мегирад, ки теъдоде аз зилзилашиносон таъкид карданд, ки эҳтимол дорад дар солҳои оянда (то соли 2030) як зилзилаи бузург дар шаҳри Истамбул дасти кам 16 миллион нафар дар он зиндагӣ мекунанд, рух диҳад.
Ниҳодҳои расмии давлати Туркия мегӯянд ҷамъияти шаҳри Истамбул то соли 2030 ба 20 миллион нафар мерасад.
Истамбул дар нуқтаи шимолии яке аз хутути гусали аслии зилзила дар он кишвар воқеъ шудааст.
Дар соли 1999, ҳавмаи шарқии ин шаҳр дар маърази як зилзилаи 7.6 баллӣ қарор гирифт ва беш аз 17000 кушта барҷой гузошт.