Рубрики Хабарҳо

Туркия консулгарии Афғонистон дар Истамбулро ба дипломати Толибон вогузор карданист

Давлати Туркия ҳам тасмим дорад консулгарии Афғонистон дар Истамбулро ба Толибон вогузар кунад. Дар ин бора “Афғонистон Интернешнл” бо истинод ба манобеъаш хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манобеъ, ба кормандони консулгарии Афғонистон дар Истамбул ҳам гуфта шуда, ки барои таҳвили ин намояндагӣ ба Толибон омода шаванд. 

Манобеъ мегӯяанд Толибон Гул Муҳаммад Задронро ба унвони дипломати худ ба ин консулгарӣ муаррифӣ кардаанд. 

Пештар ҳам “Афғонистон Интернешнл” ба асноде даст ёфта будааст, ки нишон медод вазорати хориҷаи Толибон, се дипломати Афғонистон дар Туркияро барканор кардааст. Бар асоси ин аснод, Аҳмадбрёли Кабирзода, Сайидҳомид Нӯъмонӣ ва Ҳикматуллоҳ Даронӣ шомил дипломатҳое буданд, ки вазорати хориҷаи Толибон ононро барканор кардааст. 

То кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият намешиносад, аммо шуморе аз кишварҳо чун Русия, Покистон, Чин, Эрон ва Туркманистон, ки равобити наздике бо Толибон доранд, дипломатҳои ин гурӯҳро пазируфтаанд. 

Давлати Туркия ва мақомҳои Толибон то кунун дар мавриди таҳвили консулгарии Афғонистон ба Толибон ибрози назар накардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *