Рубрики Хабарҳо

Ба ҷони Раҳматуллоҳи Раҷаб хатар таҳдид мекунад

Узви Раёсати олии ҲНИТ Раҳматуллоҳи Раҷаб рӯзи 20 май дар зиндон муҷозот ва ба утоқи ҷаримавӣ ё ПКТ (Помещения камерного типа) гузаронида шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба наздикони Раҳматуллоҳи Раҷаб хабар медиҳад.

Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти интизомӣ гуфтааст гӯё Раҳматуллои Раҷаб қоидаҳои зиндонро поймол ва аз иҷрои дастури зиндонҳо саркашӣ кардааст. “Пайвандони маҳбус бошанд мегӯянд, Раҳматуллои Раҷаб ба расондани хабарҳои марбут ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдор шудааст. Мақомоти зиндон ин кори ӯро «таблиғ» маънидод кардаанд” -иттилоъ медищад манбаъ.

Шӯҳрати Раҳматулло, писарбузурги Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар Аврупо паноҳанда шудааст, ба Паём гуфт бинобар набудани алоқа бо хонаводааш баъди ҳодисаи зиндони Ваҳдат, ин хабарро аз расонаҳо хонда, бо дӯстонаш дар Душанбе тамос гирифтааст. Ӯ гуфт, чанд сабаби интиқоли падараш ба ПКТ-ро номбар кардаанд, ки яке аз онҳо барандагии худи Шуҳрат дар гуфтугӯи раҳбари Паймони Миллӣ Муҳиддин Кабирӣ бо мардум будааст.

Ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб Валамат Иброҳимзода ҳам хабари ба утоқи ҷаримавӣ бурдани шавҳарашро тасдиқ кард. Ӯ гуфт имрӯз 22 май ба шавҳараш хӯрок бурдааст, аммо қабул накардаанд. Пас аз се соати зери офтоб истодан, билохира ба ӯ гуфтаанд, ки шавҳараш чанд ҷиноят кардааст, ки якеи он гӯё пайдо шудани нохунгирак аз зери кати хобаш будааст.  

Валамат Иброҳимзода ва Шӯҳрати Раҳматулло қаблан сактаи мағзӣ гирифтан Раҳматуллоҳи Раҷабро тасдиқ карданд. Шӯҳрат гуфт, ки қисмате аз бадани падараш аз кор монда буд ва баъди доруву дармони зиёд тақрибан шифо ёфт. Вале интиқолаш ба утоқи ҷаримавӣ метавонад ҳолашро дубора хароб кунад. Ӯ таъкид кард ин интиқол ба ҷони падараш таҳдид мекунад.

Шӯҳрат ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоте, ки аз шиносҳояш дастарс кардааст, шароит дар боздоштгоҳи ҷаримавӣии мавсум ба ПТК хеле шадидтар аз ҳамаи бахшҳои дигари муҷозотӣ мебошад.  Маҳбус дар он аз 15 рӯз то ду моҳро ба сар мебарад. Дар ин муддат ба вай аз тарафи наздиконаш ғизо овардан манъ аст ва хондани рӯзнома, гуш кардани радио иҷозат нест ва дар як руз танҳо барои ним соат ба берун бароварда мешавад.

Раҳматуллои Раҷаб моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ борҳо аз тарафи зиндонбонҳо мавриди шиканҷаву фишор қарор гирифтааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *