Раисҷумҳури тозаинтихоби Украина Володимир Зеленский аввалин рӯзи кориашро аз бардоштани монеъаҳо оғоз кард. Ӯ парлумонро пароканда кард ва посгоҳҳои пулис дар даромадгоҳи қасри раисҷумҳурро бардошт.
Аз субҳи имрӯз барои ворид шудан ба қасри раисҷумҳури Украина дигар ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад. Қаблан дар ду роҳи ба тарафи қасрбаранда посгоҳҳои пулис меистоданд, ки аз воридшавандагон шиноснома мепурсиданд ва онҳоро ба қайд мегирифтанд. Бо қарор раисҷумҳури нав ин посгоҳҳо бардошта шуданд. Акнун дилхоҳ нафар метавонад ва қасри раисҷумҳур ворид шавад.
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки Зеленский бо мағрур шудан ба дастгирии бесобиқаи мардум дар чанд самт ҷанг бо сиёсатмадорони пуртаҷрибаро оғоз кардааст, ки метавонад барояшгарон тамом шавад.
Аммо худи раисҷумҳури тозаинтихобот зоҳиран ба пуштибонии мардум итминони комил дорад. Дирӯз, зимни қасамёдкуниаш ӯ на танҳо мардумро ба ҳамкории густурда даъват кард, балки аз укроиниҳо дар хориҷ низ даъват кард баргарданд.
“Ба мо пул ва сарвати шумо лозим нест. Мо аз шумо мехоҳем ба Украина зеҳну таҷрибаи худро биёваред, то якҷоя онро обод созем” — гуфт Зеленский.